То кай ду тоҷику як ленинободӣ?
Рустами Маҷид, рӯзноманигор
Соли 1998 буд. Ҳамроҳи дигар ҳамсолон, барои “идгардак” дари хонаҳоро мекӯфтем. Назди даре дар ошёнаи дуюм, яке аз ҳамроҳонамон гуфт: “Ино кулобиян, тоҷик нестан, ид намекнан”...
Соли 2003. Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни мактаббачагон аз забону адабиёт тоҷик, сатҳи ҷумҳуриявӣ. Муаллиме изҳори норизоӣ кард: “Наход помирӣ ҳам дар ин озмун ширкат кунад?!”
Соли 2014. Купеи поезд. Ҳамсафарам даврони хидмати ҳарбияшро ба хотир меовард: “Дар Харков ду тоҷику як ленинободӣ будем...”
Дар ҳаамин ҳол мо мегӯем ваҳдат. Яъне, мо мегӯем аз сарҷамъии миллат. Яъне, мо барномаи тарбияи ватанпарастӣ дорему бо ҷавонону наврасон кор мекунем. Яъне, дурнамои якпорчагии Ватану миллат дорем...Ба куҷо равонаем? Ин ҳама аз куҷо маншаъ мегирад? Чаро то ҳол тоби дидани сояи ҳамдигарро надорем?!
Таъсири ҷанги шаҳрвандист, албатта. Аслан, ҷанги шаҳрвандӣ дастак шуда барои ҳар мушкил: зерсохторҳои иҷтимоию иқтисодиамон аз даст рафт, чун ҷанг буд. Неругоҳҳою дигар иншооти бузург насохта монданд, чун ҷанг буд. Роҳҳо хароб шуданд, чун ҷанг буд. Маҳалгароӣ дорем, чун ҷанг буд.
Мо дигар ҷанг намекунем, ба ҳаминаш шукрона.
Насли ман қисман аз даст рафта аст, чун на ҳама ҳамсолонам аз кӯҳҳо байни ҳамдигар девор намесозанд. Чун зарурати зинда мондан дар солҳои навад, муҳимтар буд аз зарурати таълиму тарбияи фарзанд. Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди хурдсолӣ, хотираҳое аз ҷанг дорему то ҳоло танку яроқҳои он замонро метавонем дар тасаввурамон бозсозӣ кунем. Ба ҳар ҳол, азоби навбатпоиҳо дар паси “хлебзавод” ва даҳшати парокандагию душмании дохилиро дар ёд дорем. Барои ҳамин, мо қисман аз даст рафтаем.
Аммо ҷанги шаҳрвандӣ барои тарбия ва таълим нагирифтани ҳамсолони ман метавонад ҳамчун баҳона бошад. Пас аз он чӣ? Чаро мактабхонони имрӯзӣ “афту ашт” ва “бехӣ”-ю “говсавор” гуфта ба ҳамдигар механданд? Оё ҳамин аст дурнамои ваҳдати миллию барномаи тарбияи ватанпарастиямон?!
Ин ҷавонон гунаҳкор нестанд. Ончӣ онҳо мегӯянду мекунанд, натиҷаи равандест, ки пеш аз таваллуди онҳо сар шудааст. Инҷо танҳо меваи он ниҳоланд, ки ҷояшро бояд дарахти дӯстӣ гирад.
Баргардем ба ваҳдат, ки рисолати он бояд аз байн бурдани ҳамин зеҳнияти маҳалмеҳвар мебуд, ки мутаасифона дар ин росто муассир набуд. Ваҳдати миллӣ дар ростои пойдор кардани субот хеле талош кард. Ҳоло, дар кӯчаҳо намояндаҳои ҳар маҳал ба ҳам наметозанд , вале дар зеҳнҳо ҳанӯз ҳам маҳал нақши бориз дорад. Аз ин хотир ман тарҷеҳ медиҳам онро “ваҳдати физикӣ” унвон кунам. Чизе, ки аз ин ба баъд дастгоҳи идеологии ҳукумат барои бартараф карданаш талош кунад.
Албатта, ҳар маҳал, ҳар қавму халқият ба худшиносӣ, аниқтараш гӯем навъе “худшиносии маҳаллӣ” ҳақ дорад ва бояд имкони баёни махсусиятҳои фарҳангию таърихии худро дошта бошад, аммо ҳамчун қисме аз миллат. Ҳамчун порчае аз кишвар. На ҳамчун зертамаддунҳои алоҳида. Яъне, ҳамин “худшиносии маҳаллӣ” бояд ба ҳадди ифрот нарасад.
Бояд тақсими курсӣ ба ҳадди ифрот нарасад. Бояд “тағабозӣ” аз миён бардошта шавад ва сокинони ҳама маҳалҳо ҳақ ва имконоти баробар дошта бошанд. Имконоти баробар, яъне саҳми баробар дар рушди кишвару миллат, чи фарҳангӣ, чи иҷтимоӣ ва чӣ иқтисодию сиёсӣ дошта бошанд.
Дар ҳолате, ки ҳама зерсохторҳои муҳим дар марказ ҷамъ шудааст, пойтахт ва ду-се шаҳри калонтар то ҳадде рушд мекунад, аммо манотиқи дуртар рушд нахоҳанд кард. Ин, албатта, ба иззати нафси сокинони ин манотиқ мерасад. Ба ҷои ин, ки даъво кунем чаро донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ созанду чаро дар Душанбе не, беҳтараш дар дигар манотиқ низ созем. Ёвон метавонад донишгоҳи шимӣ дошта бошаду Регар – донишгоҳи металлургия.
Вақте дар Мурғоб нархи як халта орд аз Душанбе ду ё се маротиба қиматтар аст, сокинони он аз ҳукумати марказӣ розӣ буда наметавонанд. Вақте дар Бешкент системаи обёрии дуруст нест, муҳоҷирони дохилӣ дар он муқим намешаванд. Вақте дар ТВ ва расонаҳои дигари саросарӣ барномаҳои қобили тамошо ва рақобат бо ҳамсоя нест ва фарогирии дуруст ҳам нест, дар манотиқи насдисарҳадӣ шабакаи “Ёшлар”-ро ба онҳоро тарҷеҳ медиҳанду президенти худро Каримов мехонанд.
Бояд барномаи саросарие бошад, ки халои зеҳнӣ ва муқобилати фитрии соли 2012 ба вуҷуд омадаро бартараф кунад. Бояд “обрӯи” солҳои 2009-10 ба дастоварда ба гӯшаи дури дафтари таърих равад.
Бояд пулҳои сӯхтаи солҳои 90 барқарор шаванд...