Президент, Акбар Турсун ва 5 нафари дигар академик шуданд
Аъзои Академияи улуми Тоҷикистон зимни интихоботи рӯзи 14-уми ноябр аз 15 номзад 7 нафарро ба ҳайси академик интихоб намудаанд.
Тавре аз Академияи улуми Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд 7 нафар ба ҳайси аъзои пайвастаи Академия интихоб шуданд, ки дар қаторашон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо низ ҳаст: “Фарҳод Раҳимӣ аз соҳаи физика, Ҳикмат Ҳисориев аз ботаника, Акбар Турсунов аз маданиятшиносӣ, Ҳайдар Сафиев аз кимиё, Кароматулло Олимов аз фалсафа, Маҳмаисуф Имомов аз филология ва Шералиев аз соҳаи тиб академик интихоб шуданд."
Мусоҳиби “Озодагон” дар қатори афроде, ки номзадияшонро пешниҳод кардаанду барандаи унвони академикӣ нашуданд - Исроил Исмоилов аз физика, Ҳамидҷон Абдуллоев, Қурбон Алиев, Акрамшо Фелалиев аз физиология ва биохимияи растанӣ, Хаёлбек Додихудоев, Муллоаҳмад Мирзо аз маданиятшиносӣ, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ва Шоназар Шоисматуллоев аз фалсафаро ном бурд.