Убайдуллоев: Ҷилави монополисту миёнаравҳоро дар бозорҳо гиред
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо баргузории як ҷаласаи корӣ бо ҷалби фаъолони шаҳрвандӣ, вакилони мардумӣ ва мақомоти интизомӣ хостори таъмини фаровонию арзонии маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев барои пешгирии афзоиши нарх дар бозорҳо дастур додааст, ки алайҳи фаъолияти монополистии шахсони воқеию ҳуқуқии хизматрасон ва инчунин барои аз байн бурдани миёнаравҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Ба иттилои манбаъ Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, ки захираҳои маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ба савдо гузошта шуда, интиқоли ҳамарӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ бевосита аз ҷониби директорони бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон», «Қарияи боло» ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз ноҳияҳои кишоварзии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.
Ӯ аз ҷумла масъулини Раёсати рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории пойтахтро вазифадор намудааст, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя карда, зидди нуфузёбии монополистҳо тадбирҳои муассир андешанд. Ӯ барои самаранокӣ дастур додааст, ки ба ин раванд фаъолони ҷомеаи шаҳрвандию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шаванд.