Бедарак шудани Ҳалимаи 14-сола дар назди бозори "Саховат"
Ҳалима Қирғизбоева, хонандаи синфи 7 ва зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон беш аз ду рӯз мешавад, бедарак шудааст. Ӯ рӯзи 13 ноябри соли равон зодгоҳи худро ба қасди шаҳри Душанбе тарк карда, то ҳол беному нишон қарор дорад.
Пайвандони Ҳалимаи 14 сола рӯзи 15 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ӯро бори охир дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе дидаанд.
Ба гуфтаи онҳо, ин донишомӯзи тоҷик рӯзи 13 ноябр аз мактаб, воқеъ дар деҳаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ берун шуда, бидуни огаҳии нафаре мехостааст, ба назди падараш, ки дар шаҳри Душанбе кор мекунад, равад: “Ҳалима худи ҳамон рӯз ба бозори ноҳия омада, ороишоти тилоии худро бар ивази 100 сомонӣ фурӯхта, роҳ сӯи Душанбе гирифтааст. Ронандаи таксиеро, ки ӯро то пойтахт расондааст, ёфтем ва мегӯяд, Ҳалимаро то бозори “Саховат” расонидааст. Ба қавли ронанда, гӯиё ӯ баъд аз пиёда шудан аз мошин ба тарафи дасти рост, аниқтараш ҷониби дарёи “Душанбенка” рафтааст.”
Наздикони Ҳалима мегӯянд, ин донишомӯзи бедаракшудаи тоҷик баъд аз ҷудо шудани падару модараш аз ҳамдигар беш аз 10 сол мешавад ҳамроҳи падар ва модарандари худ зиндагӣ мекард.
Онҳо аз тамоми сокинон хоҳиш доранд, агар дар бораи пайвандашон нафаре маълумот дошта бошад, бо рақамҳои зерин: 93 811 15 15, 93 583 14 44 тамос гиранд.