Фоидаи Tcell аз сайтбандӣ: Азоби муштариёну даромади дучанд
Ширкати Tcell маъракаи сайтбандиро, ки аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон авҷ гирифт, идома дода, то ҳол низ дастрасӣ ба бисёре аз шабакаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи хабаргузории “Озодагон”- www.ozodagon.tj-ро фароҳам накардааст. Коршиносони умури технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мегӯянд, ширкати фароҳамкунандаи интернет аз ин мушкили муштариёнаш фоидаи молӣ мебинад.
Муштариёни Tcell борҳо ба “Озодагон” муроҷиат карда, аз он шикоят доранд, ки наметавонанд вориди сомонаи www.ozodagon.tj шаванд. Ба гуфтаи онҳо бо вуҷуди муроҷиатҳои зиёд масъулини Tcell ин мушкилашонро ҳал накардаанд ва инак ҳудуди як моҳ аст, ки бидуни истифодаи филтиршикан (анонимайзер)-ҳо наметавонанд, вориди сомона шаванд.
Дар суҳбат бо “Озодагон” масъулини Tcell мушкили дастрасии муштариёнашонро ба сомонаи хабаргузорӣ таъйид карда, афзуданд, ки сомона бо сабабҳои аз онҳо новобаста масдуд карда шудааст. Мусоҳиби мо гуфт, “басташавии торнамои хабаргузории “Озодагон” рабте ба ширкати мо надорад ва аз бастани он низ ҳеч нафъе намебарем. Ба фикрам дигар, худатон ҳама чизро медонед! Қобили шарҳ нест.”
Ин ишораи Tcell дар ҳолест, ки хабаргузорӣ тариқи хизматрасонии ширкатҳои дигари фароҳамкунандаи интернет дастрас аст. Ё дастур дар бораи масдудияти “Озодагон” махсус ба Tcell равона шудааст, зеро аз ҳама зиёд муштариёни маҳз ин ширкат ба “Озодагон” аз мушкилашон шикоят мекунанд. Иддаои дигари масъулини Tcell низ, ки гӯиё аз сайтбандиҳо фоидае намегиранд баҳсбарангез аст, зеро коршиносони умури технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) мегӯянд, аз як тараф масдудсозии сомонаҳо ба нафъи фароҳамкунандаи интернет аст. Фирӯзи Кароматулло, коршиноси масоили ТИК мегӯяд, дар замони муосир, ки бисёре аз муштариён барои вуруд ба сомонаҳои баста аз филтршиканҳо истифода мебаранд, ки ширкатҳои интернетрасон аз он фоида мегиранд: “Филтршикан зимни вуруд ба сомонаҳо истифодаи интернетро ба маротиб зиёд мекунад ва маблағи истифодаи интернет ба буҷаи ширкат меравад. Аз ин нигоҳ ширкатҳо аз мушкили муштариёнашон фоидаи молӣ мебинанд.”
Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон низ ин нуқтаро тасдиқ кард, ки “вақте дастрасӣ ба сомонае маҳдуд карда мешавад, корбарон аз филтиршиканҳо истифода мекунанд ва вақте як нафар аз барномаи филтршикан истифода мекунад, трафики интернети ӯ бештар сарф мешавад. Яъне, барои дидани ҳамон як сайт, маблағи бештар сарф мекунад. Барои фаҳмотар шудан, тасаввур кунед, ки пештар ба чойхонаи “Роҳат” рост мерафтию ҳозир тариқи Саховат давр зада ба он ҷо меравӣ.”
Дастнорас шудани бахши тоҷикии торнамои “Озодагон” дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки шашуми ноябри соли 2013 сурат пазируфт, бархе аз ширкатҳои мухобиротӣ бо шумули “Билайн” дастрасӣ ба бахшҳои тоҷикӣ ва русии хабаргузориро маҳдуд карданд. Бо гузашти чанд вақт бахши тоҷикии сомона дубора дастрас шуд, аммо бахши русӣ ҳамчунон масдуд боқӣ монд. Инчунин аввали моҳи октябри соли равон бархе аз сомонаҳои хабарӣ дар кишвар масдуд шуданд, аммо баъди чанде дубора дастрас гардиданд, ба ҷуз Озодагон тариқи хизматрасонии Tcell ва Мегафон.