Баҳси сӯхтор ва боздиди вазири умури дохилӣ аз “Корвон”
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз,14 ноябр ба бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе рафта, аз қисми навбунёди мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ин бозор боздид намудааст.
Тибқи иттилои Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ, Рамазон Раҳимзода дар назди ҳайати шахсии кормандони ин қисми Хадамоти оташнишонӣ вазифаи оташнишонҳоро пурмасъул унвон карда, гуфтааст, бехатарии шаҳрвандон ва молу амволи давлату миллат аз натиҷаи кори онҳо вобастагӣ дорад. Ӯ ба кормандони Хадамоти оташнишонӣ таъкид кардааст, ки барои сайқал додани савияи дониши худ пайваста талош варзида, дар баробари хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва профилактикаи оташнишонӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ҷузъу томҳои мақомот дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҷинояткорӣ саҳмгузор бошанд.
Манбаъ мегӯяд, ин қисми навбунёд дуошёна буда, бо ду адад нақлиёти оташнишонии муосир, қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҷойи хоб, синфхона ва мошинсарой таъмин мебошад: “Дар бозори мазкур то инҷониб чунин бинои алоҳида бо шароитҳои замонавӣ мавҷуд набуд”. Рамазон Раҳимзода ҳамзамон аз Маркази таълимии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилӣ дидан карда, дар ифтитоҳи ин марказ иштирок намудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, вазири умури дохилӣ ба сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майор Мирулло Шарифов калиди ду адад наклиёти оташнишониро супорида, кормандони хадамотро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят кардааст.