Суғд: Боздошти маргталабон зимни талош барои таркондани биноҳои давлатӣ
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти як гуруҳи ҷавонони маргталаб дар шаҳри Исфара хабар дод, ки нияти таркондани биноҳои маъмурию давлатиро дар маркази вилоят доштаанд.
Ба иттилои манбаъ ин афрод барои узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон байъат оварда, тайи се соли охир дар хориҷи кишвар тарзи тайёр намудани маводи тарканда, насбкунияш дар бадан ва фаъолсозии онро ёд гирифта, дар дохили кишвар низ чунин дастгоҳҳоро тайёр намудаанд: “Бо тайёр намудани ҳамаи маводи лозимӣ онҳо интизори дастури ба ном “халифа”-ҳо буданд, аммо дар пайи як амалиёт боздошт шуданд.”
Раёсати умури дохилӣ мегӯяд, аз боздоштшудагон маводи тарканда, ноқил ва дигар дастгоҳҳо мусодира гардиданд. Аммо ба далели тафтишот манбаъ аз ифшои ҷузъиёти бештари ин қазия худдорӣ намуд.