"Ҷурабек Охунов ҳам афв мешавад, агар..."
Ҷӯрабек Охунов, раҳбари зиндонии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр», ки 14 соли зиндон гирифт, метавонад дар доираи қонуни нави афв ба озодӣ барояд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ширкати “Мовароуннаҳр” ба “Озодагон” гуфт, қонуни афв нисбати Охунов дар ҳоле татбиқ мегардад, ки 29 нафари муштарии даъвогари ширкаташро бо хона таъмин кунад: “Феълан талошҳо ба он равона шудаанд, ки талаботи даъвогарон қонеъ шаваду нисбати Охунов низ қонуни нави афв татбиқ гардад.”
Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро тобистони соли 2012 бо иттиҳоми қаллобӣ, пешбурди тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мардум ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Бо татбиқи қонуни афв зимни эълони ҳукм сеяки ин муҳлат кам гардида, санаи адои ҷазо аз таърихи боздошти ӯ-моҳи ноябри соли 2010 ҳисоб карда шуд.
Қаблан Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ дар ин робита гуфт, Охунов, ки бо модаи 247-и КҶ-и ЧТ барои 7 солу 8 моҳ равонаи зиндон шудааст, ки қисми 4-и ин модда ҷаримаро пешбинӣ мекунад, ба шарте агар судшаванда товони заррари расонидашударо пурра талофӣ кунад, озод карда мешавад. Ҷумъахон Давлатов, мушовири президенти Тоҷикистон низ дар робита ба ин қазия изҳор дошта буд, ки ман ҳам тарафдор будам, ки бояд Ҷӯрабек Охунов ҳабс карда намешуд: «Ҳукумати Тоҷикистон як зумра қонунҳоеро қабул кардааст, ки нисбати ҷиноятҳои иқтисодӣ чораи ҳабс татбиқ карда нашавад. Тибқи ин қонунҳо агар ҷинояткор зарари расонидашударо барқарор кунад, ҳеч кас ҳуқуқи ҳабсашро надорад».
Қаблан мақомот иддао доштанд, ки Ҷӯрабек Охунов ба беш аз 500 муштарии ширкаташ ҳудуди 58 миллион сомонӣ зарар расондааст, аммо баъди боздошти ӯ масъулини ширкат тавонистанд бисёре аз муштариёни ширкатро бо хона таъмин кунанд ва гуфта мешуд, агар Охунов ҳабс намешуд сохтмони хонаҳо аз ин ҳам зудтар ба анҷом мерасид.