Мақомот: Ихроҷшудаҳо аз Русияро дар Роғун бо кор таъмин мекунем
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун омодааст, муҳoҷирони меҳнатии тоҷикро, ки аз Русия депорт шудаанду барои як муддати муайян ҳаққи вуруд ба он кишварро надоранд, бо кор таъмин кунад.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз, 13 ноябр ба “Озодагон” гуфт, дар баробари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия, инчунин шаҳрвандони дигари кишвар, ки дорои ихтисосҳое аз қабили сохтмончӣ, кафшергари газу барқ, ронанда ва ғайра ҳастанд, дар ин нерӯгоҳ бо кор таъмин мешаванд.
Номбурда мегӯяд, дар сурати ба кор рафтани муҳоҷирон ва дигар корҷӯён ба неругоҳ бо маоши баланд ва шароити хуби зист таъмин хоҳанд шуд: “Инчунин нафароне, ки хоҳиши соҳиби ягон касб шуданро доранд ва ё касбу ҳунари муайян дошта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро надоранд, метавонанд ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии “Маркази таълими калонсолон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.
Абдуллоҳ Қодирӣ таъкид намуд, хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират ба бахши қабул бо телефонҳои 225-07-19 муроҷиат намоянд.
Бино ба омори расмӣ теъдоди муҳочирони тоҷик, ки сафарашон ба қаламрави Русия мамнӯъ эълон шудааст, ба 300 ҳазор нафар наздик аст.