Вазорат маблағситонии роҳбарияти Донишгоҳи техникиро “ғайриқонунӣ” хонд
Муҳаммади Каримзод, рӯзноманигор
Садорати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз донишҷӯёни муҳассили кафедраи ҳарбии ин муассиса 500 сомонӣ талаб дорад, ки ба гуфтаи Вазорати дифои кишвар амали ғайриқонунӣ мебошад.
Донишҷӯёни ин донишгоҳ имрӯз, 13-уми ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки садорати донишгоҳ ва масъулини кафедраи ҳарбӣ аз ҳар яки онҳо 500 сомонӣ талаб доранд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо солҳои пеш чунин маблағситонӣ вуҷуд надоштааст.
Орифҷон Амиров, муовини ректори Донишгоҳи техникӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар шарҳи ин навоварӣ ба “Озодагон” гуфт, “маблағи мазкур якдафъаина буда, барои гузаронидани машқҳои тобистонаи саҳроӣ баъди хатм сарф карда мешавад”.
Аммо Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ин далели садорати Донишгоҳро беасос хонда, гуфт, хароҷоти машқҳои тобистона аз ҳисоби Вазорати дифоъ пардохт мешаванд: “Танҳо имсол дар қабули донишҷӯён ба кафедраҳои ҳарбӣ каме маҳдудият ҷорӣ када шудаасту бас. Яъне тибқи нақша қабул карда мешаванд, на мисли ҳарсола, ки ҳама имкони таҳсил дар кафедраҳои ҳарбиро доштанд. Таҳсил бошад дар тамоми кафедраҳои ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.”
Маҳмадалиев таъкид намуд, ки хароҷоти маводи таълимӣ, тир ва ҳаққи афсарон зимни машқҳои саҳроии тобистонаро Вазорати дифоъ пардохт мекунад ва он набояд аз ҳисоби донишҷӯён ҷамъоварӣ гардад.