Вазорати хориҷӣ бар ивази 400 сомонӣ коргар меҷӯяд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар бахши Раёсати кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ, Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ ва Раёсати молиявии худ ба мутахассисону котиби 1,2 ва 3 ниёз дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, афроде метавонанд, дар ин озмун иштирок кунанд, ки маълумоти олии дахлдор дошта, аз донистани асосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва иқтисодӣ, дониши мукаммали забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) бархӯрдоранд.
Манбаъ мегӯяд, “барои вазифаҳои дипломатии котиби якум, котиби дуюм, котиби сеюм собиқаи корӣ на кам аз 3 сол ва донистани барномаҳои компютерӣ ҳатмист”. Дафтари матбуоти ВУХ дар шарҳи ин хабар илова кардааст, ки ҳаҷми музди меҳнат барои коргарон аз 400 то 800 сомонӣ мебошад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)