Афви соҳиби фоҳишахона дар маркази Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як зани 36 соларо, ки дар маркази пойтахт фоҳишахонаро ташкил намудааст, афв карда, аз ҷавобгарӣ озод намуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод айбдоршаванда зимни мурофиаи додгоҳӣ пурра гуноҳашро иқрор карда, аз додгоҳ хостааст, ӯро бо татбиқи қонуни афв аз пардохти 40 ҳазор сомонӣ ҷаримаи таъиншуда озод намояд.
Ба иттилои манбаъ айбдоркунандаи давлатӣ низ ин дархостро ҳимоят кардааст ва бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати айбдоршаванда қонуни афв татбиқ кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, парванда алайҳи афвшуда, моҳи августи соли равон ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боз гардида буд. Ба иттилои тафтишот ӯ барои ба даст овардани даромади муфт дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе манзили истиқомотӣ ба иҷора гирифта, дар ин манзил шароит фароҳам оварда, хонаро мунтазам ба ивази маблағҳои пулӣ барои алоқаи ҷинсӣ иҷора медодааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)