Низом Қосим: Бозор Собир хаста аст ва китоб мехонад
Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки аввалҳои моҳи июни соли равон ба Амрико рафта буд, ба Душанбе омадааст.
Низом Қосим, вакили парлумон, шоир ва яке аз дӯстони Бозор Собир, имрӯз, 13 ноябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Бозор Собир ҳафте қабл аз Амрико ба Ватан баргашт ва дар чанд чорабинӣ низ ширкат намудааст. Ба гуфтаи оқои Қосим, рӯзҳои наздик бо ширкати Бозор Собир ягон чорабинӣ ё маҳфиле дар назар нест ва аз баски каме хаста шудааст, дар манзилаш ба хондани китоб машғул аст.
Бозор Собир, ки соли гузашта баъди 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт, аввали моҳи июни соли равон дигарбора озими Амрико гардид ва гуфта мешуд, ҳамагӣ барои чанд рӯз барои хабаргирии фарзандону наберагонаш рафтааст. Гуфта мешавад, оқои Собир дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад.
Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд. Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. “Оташбарг”, “Гули хор”, “Мижгони шаб”,”Офтобниҳол”, “Бо чамидан, бо чашидан…”, “Чашми сафедор”, “Аз Ватан вақте ки мерафтам” ва “Аз “Гули хор” то “Симхор” маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои “Бо чамидан, бо чашидан…” ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.