Михаил Прохоров, сарвари ҳизби «Кори рост (Правое дело)»-и Русия аз мақомаш истеъфо додааст.
Дар ин бора имрўз зимни як брифинг худи Михаил Прохоров дар ҳузури хабарнигорон изҳор кард.Ҷавобан ба суолҳои журналистон ҷаноби Прохоров гуфт, «Ман аз ҳизб баромадам». Оне, ки шумо мегўед, ки гўё ба ман аз мақоми сарвари ин ҳизб канор рафтанро аз маъмурияти президент таъкид карда бошанд, иштибоҳ аст. Ин тасмими мустақилонаи ман аст, ки дар ин бора ҳизбро огоҳ кардам. Анҷумани дирўзаи ҳизб худро пароканда кард, гуфт Михаил Прохоров.
Ёдовар мешавем, ки чанд рўз қабл миёни Алла Пугачева, примадонаи санъати Русия ва Михаил Прохоров дар хусуси узвияти Алла Пугачева ба ҳизб ва пуштибонӣ аз ин нерўи сиёсӣ тавофуқ ба даст омада буд.
Михаил Прохоров, яке аз чеҳраҳои шинохта миёни ҷомеаи сарватмандон мебошад. Коршиносон ўро дар интихоботи президентии навбатӣ яке аз довталабони ин маснад дар Русия медонанд.{jathumbnail off}