Тавре Қурбонбой Каримов, раиси ин ноҳия ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ дод, яке аз иншооти бузург, ин таъмир ва барқароркунии варзишгоҳи марказӣ ҳаст, ки тибқи нақшаи пешакӣ бо истифодаи беш аз 10-миллион сомонӣ бунёд меёбад.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони 12-иншоот ба анҷом расидаву мавриди истифода қарор доранд.
Гуфта мешавад, яке аз соҳаҳои асосии пешрафти ноҳия ин соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия тайи чанд соли охиар бо истифода аз амри президент дар мавриди бунёди боғҳои нав, даҳҳо гектар боғи нав созмон дода шуда ва садҳо гектар боғҳои кӯҳна аз нав барқарор гардидаанд. Бо бунёди корхонаҳои коркарди меваҷот боғкорон метавонанд маҳсулоти истеҳсолиашонро бе мушкилӣ мавриди хариду фурӯш қарор диҳанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Қурбонбой Каримов,4-корхонаи хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳия мавҷуд будаанд, тақрибан фаъол нестанд.