Нигаронии генерал: Давлат пул ҷудо кардаасту вазорати молия надодааст
Дар пайи шикояти генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз пардохт нашудани нафақаи имтиёзии собиқадорони хидмати ҳарбӣ, вакилони парлумон назди Вазорати молия суол гузоштанд, ки дар ҳоле аз буҷа ин маблағҳо ҷудо мешаванд, чаро саривақт ба соҳибон намерасанд.
Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон аз Ҳизби комунистӣ зимни ҷаласаи 12-уми ноябр бо зикри муроҷиати генерал Раҳимзода аз Меҳринамо Ҷонмамадова, муовини вазири молия хост, то охири соли равон ин имтиёзи собиқадорон пардохт карда шавад. Шабдолов гуфт, ин имтиёзи 78-сомонии собиқадорони хидматчиёни ҳарбӣ дар ҳоле пардохт карда намешавад, ки дар буҷаи имсола он пешбинӣ ва ҷудо гардидааст: “Дар робита ба буҷаи имсола мо камбудиҳо дорем, ки баъзе маблағҳо пешбинӣ ва ҷудо шудаанд, аммо ба соҳибонашон нарасидаанд. Аз ҷумла нафақапулии имтиёзии хидматчиёни собиқадори низомӣ, ки дар барқарор кардани сохти конситутсионии давлат саҳм доранду бояд 78 сомонӣ имтиёзпулӣ гиранд. Аммо ин маблағи ночиз пардохт нашудааст.”
Шабдолов аз Ҷонмаҳмадова хост, то ба вазири молияи кишвар расонад, ки ин маблағ бояд то охири соли равон пардохт шаваду ба соли оянда гузошта нашавад, чун ба ақидаи вакили парлумон вазъи буҷои соли оянда аз имсола вазнинтар хоҳад буд.
Шабдолов дар қатори афроде, ки аз имтиёз бархӯрдоранд, аз ҷумла собиқадорони кор дар Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ном бурд.