Wikipedia: Дар Самарқанд 70% тоҷику 10% узбак буданд (ВИДЕО)
Донишномаи бузурги интернетии ҷаҳон, Wikipedia рӯйхати аҳолии шаҳри Самарқанд дар соли 1897-ро нашр намудааст, ки узбакҳо дар он камтар аз 10 фоизро ташкил додаанд. Сомонаи донишнома, ки дар қатори 5 сомонаи сербинандатарини ҷаҳон аст, иттилоъ медиҳад, ки аҳолии Самарқандро тибқи ҳисоби 1897 ҳудуди 70 фоиз тоҷикон ташкил медоданд:
“Соли 1897 дар шаҳри Самарқанд, ки ҳамсоли Рим аст, 55 ҳазору 128 нафар зиндагӣ мекарданд, ки аз рӯи забони модарӣ теъдодашон чунин тақсимбандӣ гардидааст. 36 ҳазору 845 нафар тоҷикҳо, русу белорусу украинҳо-8 393 нафар, узбакҳо 5 506 нафар, яҳудҳо-1169 нафар, полякҳо-1072 нафар, форсҳо-866 нафар, олмониҳо-330 нафар ва сортҳо-287 нафарро ташкил медоданд.”
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ ба ҳисоби аввали соли 2014 дар ин шаҳр 509 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки аксарашон чун узбак сабт шудаанд.
Кумитаи омори Узбакистон мегӯяд, теъдоди умумии сокинони ин кишвар аввали соли 2013 аз ҳадди 30 миллион нафар гуфташтааст, ки аз ин ҳисоб ҳамагӣ 1 миллиону 350 ҳазор нафарашонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол гарчанде бисёре аз тоҷикон дар Узбакистон расман ҳамчун узбак сабт шудаанд, бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва эҷод мекунанд. Шаҳрҳои қадимии тоҷикон-Самарқанду Бухоро бо вуҷуди он, ки беш аз як қарн аз марзи маъмурии Тоҷикистон берунанд, мардуми кишвар ҳанӯз ҳам ҳаваси бозпас гардондани ин шаҳрҳоро ба тоҷикон доранд. Суруди сарояндаи маъруф, Роҳила Улмасова дар бораи Самарқанд: