Боз як “беодобӣ”-и Путин дар Хитой
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми гирифтани акси ёдгорӣ дар Чин дер кардааст ва раҳбарони 20 кишвар ӯро мунтазир мондаанд.
Хабаргузории “Аргумент”-и Русия менависад, иштирокдорони ҳамоиши “Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором”, ки дар Пекин баргузор шуд, тибқи анъана барои гирифтани акси ёдгорӣ омодагӣ гирифтанд, аммо Владимир Путин сари вақт ҳозир нашудааст. “Вақте Путин ҳозир шуд, назди раиси ҷумҳури Амрико рафт ва бо Барак Обама суҳбат намуд, ки ҳамчунин сабаби чанд лаҳзаи дигар расми аксбардориро ба таъхир гузошт”,-менависад, манбаъ.
Ин хабаргузорӣ мегӯяд, бори нахуст нест, ки Путин “дер мекунад”, моҳи октябри соли равон ду маротиба аз мулоқот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дер монд ва хонуми Меркел яке аз ин вохӯриҳоро лағв кард.
Хабари дер мондани Владимир Путин дар маросими аксгирӣ дар ҳамоиши "Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором" дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо аз “беодобӣ”-и ӯ нисбат ба ҳамсари ҳамтои чинияш дар ин ҳамоиш навишта буданд. Ба иттиои расонаҳо Владимир Путин шоми 10 ноябр, вақте Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин машғули суҳбат бо ҳамтои амрикоияш, Барак Обама буд, ба нияти гарм кардани ҳамсари Син Ҷинпин ӯро ба рӯймол печондааст, ки тибқи арзишҳои чинӣ беодобии бузург аст. Аммо ҳамсари раисиҷумҳури Чин ҳамагӣ баъди чанд лаҳза рӯймолро гирифта, либоси ғафсро аз дасти муҳофиз гирифта, ба бар намуд.
Гуфта мешавад, ин ғамхории Путин аз рӯи фаҳмишу арзишҳои чинӣ як беодобӣ маҳсуб меёбад, зеро тибқи анъанаҳои чинӣ марди бегона дар ягон ҳолат ҳаққи расидан ба занро надорад. Телевизионҳои марказии давлатии Чин ин ҳолатро ба навор гирифта, чанд бор намоиш додаанд, аммо баъди нороҳатии мансабдорони воломақоми чинӣ наворро пурра ҳазф намудаанд.