Эътирози Зуҳуров аз "гурез"-и вазири молия: Ақаллан занг занад!
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳозир нашудани Абдусалом Қурбонов, вазири молияи кишвар дар ҷаласаҳои парлумонии марбут ба ин ниҳод шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз ӯ хост, ба ҷаласаи навбатӣ хуб омодагӣ бинад.
Зуҳуров рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони кишвар аз Меҳринамоҳ Ҷомаҳмадова, муовини вазири молияи кишвар хост, дар ҷаласаҳои навбатӣ худи вазир шахсан ҳузур дошта бошад. Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар изҳор дошт, агар вазир ҷое рафтаасту бо коре банд бошад, бояд барои наомаданаш ба ҷаласаҳо аз раиси Маҷлис иҷоза бигирад: “Минбаъд ҳар масъалае, ки инҷо мешавад, шахсан ҳузур дошта бошанд. Агар ягон вазъият ё ҳолате бошад занг зада, аз раиси маҷлис иҷоза пурсанд ва гӯянд, ки дар фалонҷо ҳастам”.
Ба қавли Зуҳуров, муовинони вазирҳое ҳастанд, ки барои ҳалли аксар масъалаҳо пурра омодаанд, вале ҳузури худи вазир дар бархе масоили дигар ҳатмӣ аст, чун танҳо ӯ метавонад, ба пурсишҳои эшон посух гӯяд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи оянда масоили марбут ба буҷаи давлатии кишварро баррасӣ мекунад ва Абдусалом Қурбонов ҳатман бояд дар он иштирок кунад: “Ба вазир расонед, ки омодагӣ бинанд ва саволҳое, ки ҳоло шуданд, боз бисёр мешаванд, барои ҳамин омода бошанд”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)