Атохон ҒАНИЕВ
Илм нур аст ва бедонишӣ зулмат. Одами бедониш монанди нобиноест, ки аксар вақт ба асову дастгирии шахси дигар ниёз дорад. Аммо на ҳамеша асо пайдосту на ҳар шахси дастгир боадлу инсоф аст. Ва ё одами нодон ҳаммонанди кӯдакест, ки бо гирифтани як бозичаи ночиз шод мегардад, вале чун аз дасташ гавҳари қимматбаҳо ситонӣ, эътирозе надорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, аксари ҷавононе ки ба равияҳои гуногуни иртиҷоъию тундгароӣ пайваст шудаанд, дар собиқ дониши казоӣ ва тарбияи хуби оилавӣ нагирифтаанд. Ҳам мувофиқи таълимоти Ислом ва ҳам дар асоси талаботи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон, ба ҳар шахс зарур аст, барои гирифтани дониш саъю талош кунад. Аммо бар асари беназоратии падару модарон, набудани низоми хуби таълим дар бисёр мактабҳо ва аз бепарвоию хунукназарии худи наврасону ҷавонон, ҳоло сафи шахсони бесаводу бетарбия дар ҷомеъаи мо рӯ ба афзоиш дорад.
Бемуҳобот метавон гуфт, аз ҳар хатаре ки ба ҷомеъаи мо таҳдид мекунад, аз бесаводӣ хатарноктар нест ва омили асосии аксари гирифториҳо - нодонию камшуурии мардуми мост. Яке аз сабабҳое, ки ҷавононро сӯи ҳаракатҳои ба ном "исломӣ", вале дар асл зиддиисломӣ, аз қабили "Давлати исломӣ" ё "ДИИШ", Ҳаракати исломии Узбекистон ва ғайра такон медиҳад ва гӯё "муҳаббат"-у кушиши "хизмат" кардани эшон ба ислом аст, низ аз бесаводии ин тоифа мебошад. Аммо дар асл чӣ хизмати хирсонае аст, ту асли исломро намедониву барои ҳимояти мусалмонон бармехезӣ. Ҷои пӯшида нест, ки дар солҳои Шӯравӣ гирифтани таълими исломӣ ҷиноят ҳисоб меёфт ва мактабҳои расмии омӯзиши Ислом дар аксари минтақаҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, мардум чун як ташнаи солҳо рӯйи обро надида, худро сӯи дарёфти дониши динӣ заданд. Аммо, бо таассуф бояд гуфт, монанди замони муосир, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта низ, теъдоди олимони соҳаи дин, ки аз тамоми аҳкому аркони Ислом баҳраи комил дошта бошанд, хеле кам буд. Ва ин лаҳзаро ғанимат шуморида, ҳар касе ки "алиф"-ро аз "бе" дуруст ҷудо карда наметавонист, ба майдон омад ва даъвои муаллимию мураббигӣ кард. Аммо на ҳар кас, ки қалам ба даст гирифту бар лавҳ навишт, тариқи муаллимию тарбиятгарӣ донад. Табиист, шогирди шахси бесавод низ ҳеҷ гоҳ босавод нахоҳад шуд, агар умре пеши чунин "омӯзгор" дарс бихонад...
Ҳукумат низ замоне барои саводи ҳақиқии динӣ гирифтани ҷавонон, кушише намуда, дар чанд минтақаҳои Тоҷикистон муассисаҳои таълимии динӣ ташкил кард. Вале баъд аз чанд соли фаъолият бо сабабҳои объективию субъективӣ ин муассисаҳо яке паси дигаре баста шуданд. Дарсҳое бо номи "Асосҳои дин" дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ гардиданд, аммо аз сабаби набудани барномаи хуби таълимӣ ва аз ҳама асосӣ-набудани мутахассисони соҳибтаҷриба ин дарсҳо низ натиҷа надоданд ва аз байн рафтанд. Ба андешаи банда, то замоне ки дар мактабҳои Тоҷикистон таълими ягонаи "Асосҳои ислом" ҷорӣ карда нашавад, пеши роҳи бесаводии ҷавонону наврасон ва аз ҳама муҳим бинобар надоштани саводи кофии динӣ, ба ҳаракатҳои иртиҷоъӣ ва тундгароӣ пайваст шудани онҳоро гирифтан душвор аст.
Бинобар ин пешниҳод дорам:
1.Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломӣ, Вазорати маориф, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуханифа, Пажуҳишгоҳи рушди маориф дар якҷоягӣ барномаи таълимии "Асосҳои Ислом" (ё бо ягон номи дигар) дар мактабҳои Тоҷикистон ҷорӣ кунанд;
2. Барои он ки мушкили пайдо кардани маблағ, мутахассисони соҳибтаҷриба, ба ҳар тамоюл гардонидани дарсҳо пайдо нашавад, дарси "Асосҳои Ислом"-ро бо усули интерактивӣ-видеоӣ ташкил карда шавад. Яъне, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва донишманди Маркази исломӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва гимназияи Донишкадаи исломӣ дарсҳо дар ҳудуди 45 дақиқа ба шакли видео сабт гардад. Дарсҳоро метавон дар яке аз синфхонаҳои гимназияи Донишкадаи исломӣ бо иштироки хонандагони ин муассисаи таълимӣ гузаронид.
Таърихи Ислом, пешвоёни он, ақида ва риояи маросимҳои динӣ- мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ, метавонад аз мавзӯъҳои дарсҳо бошад. Вале вақти таҳияи барномаи таълимӣ барои дарсҳо ба ҳисоб гирифтани синну соли хонандагони мактабҳо таъсири дарсҳоро афзунтар хоҳад кард. Ҳар як дарс пас аз гузаштани ташхиси давлатии диншиносӣ, дар DVD-дискҳо сабт ва нусхабардорӣ шуда, аз ҷониби Вазорати маориф паҳн гардад. Ва дар навбати худ дар мактабҳо ҳафтае як ё ду маротиба дарсҳои "Асосҳои Ислом" метавонад ҷорӣ карда шавад. Тарзи ташкили ин дарс душвор набуда, балки роҳбари ҳар синф метавонад масъули ташкили ин дарсҳо бошад. Фақат як синфхонаи муайянро бо таҷҳизоти махсус барои пахши ин дарсҳо муҷаҳҳаз сохтан лозим меояд.
Боқӣ аз масъулияту муаллимону таваҷҷуҳи донишомӯзон вобаста аст.