Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ВУД) бо пахши як иттилоия гуфтааст, Наргис Музаффарова, як соҳибкорзани Душанбе дар ин ниҳод, аз ҷумла Воҳиди махсуси он пуштибоне надорад ва ҳамаи қонуншиканиҳояш тибқи қонун тафтиш шудаанд.
Тибқи иттилоияи ВУД қонуншиканию ҷиноятҳои Наргис Музафарова, сокини 38-солаи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои қонун ва холисона мавриди санҷиш ва тафтиш қарор гирифта, маводи дахлдор барои баррасӣ ба Додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудаанд. Ба иттилои манбаъ, додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи августи соли равон алайҳи Музаффарова бо иттиҳоми вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, авбошӣ ва зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кардааст: “Дар мурофиаи судӣ судшаванда Музафарова худашро дар содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо аз рӯи айбҳои эълоншуда пурра гунаҳкор шуморида, аз суд хоҳиш намуд, ки бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" пешбурди парванда нисбаташ қатъ карда шавад".
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти он ки ҷиноятҳо то қабул шудани қонун дар бораи афв содир шудаанд, додгоҳ қарор кардааст, ки парванда алайҳи Музаффарова қатъ шавад. Дар иттилоия омадааст, тибқи қонун авф афроде, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд ва нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ки таҳти баррасии судӣ қарор доранд, қатъ мешавад.