Баҳси картошка дар парлумон ва ёдоварӣ аз гузориши Қосими Раҳбар
Абдулғанӣ АБДУЛВАҲҲОБ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз болоравии нархи картошка дар бозорҳои кишвар ва он ҳам дар айёми ҳосилғундорӣ изҳори нигаронӣ карда, аз Вазорати кишоварзӣ хост, роҳи ҳалли ин мушкилро базудӣ пайдо кунад.
Ӯ рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони кишвар дар хитоб ба намояндаи Вазорати кишоварзӣ гуфт, ҳоло дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи як кило картошка то 3 сомонӣ боло рафтааст, дар ҳоле ки ҳанӯз мавсими ҷамъоварии картошка идома дорад. Раиси Маҷлиси намояндагон иллати болоравии нархи картошкаю кам шудани ҳосилнокии ин навъи зироатро беаҳамиятии Вазорати кишоварзӣ ва набудани тухмии хуб донист. Зуҳуров дар шарҳи гуфтаҳояш илова кард, “ҳосилнокии зироатҳо дар Тоҷикистон хеле паст аст, ки яке аз сабабҳои аслии он навъи тухмӣ мебошад. Вақте дар водии Рашт ҳосилнокии картошка 240-250 сентнерӣ мешавад, ин маънои онро дорад, ки ҳатто хароҷоташро рӯйпӯш намекунад. Барои ҳамин буд, ҳамон масъалаи як миллион тонна картошкае, ки бояд тамоми мардум таъмин мешуд, соли гузашта сокинон як кило картошкаро 4 сомонӣ аз Покистону дигар ҷойҳо дар бозорҳои Душанбе хариданд. Мо фикр кардем картошкаро ба Қирғизистон содир карданд ё ҷои дигар. Ҳатто тухмӣ ёфт нашуд”.
Болоравии нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон дар мавсими ҳосилғундорӣ ва шикояти сокинон аз набудани тухмии хуби ин навъи зироат дар ҳолест, ки ба қавли раиси Маҷлиси намояндагон, Вазорати кишоварзӣ ҳоло нияти ворид кардани тухмиро надорад: “Ба Вазорати кишоварзӣ муроҷиат кардам барои масъалаи тухмӣ, ҷавоб омадааст, ки имсол мо коре карда наметавонем. Дар ҳоле ки мардум ҳама дар ноҳияи Рашт дар бораи тухмӣ гап мезананду онро сабаб меоранд. Соли оянда чӣ мешавад?! Мо тухмӣ надорем! На бо ягон ҷо шартнома дорем ва на чизи дигар. Бо ин ҳол дигар ҳосил чӣ хел мешавад ба ҳама маълум”.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома аз собиқаи кории худ дар ин соҳа мисол оварда, гуфт, солҳое, ки онҳо аз Ҳолланд ба Тоҷикистон тухмии картошка ворид карда буданд, ҳосилнокии ин навъи зироат дар ҷумҳурӣ то ба 750 сентнерӣ расида буд. “Солҳои 1998-2000 мо дар минтақаи Рашт як лоиҳаро таҳти раҳбарии банда амалӣ мекардем. Давоми ин ду сол мо аз Ҳолланд (Голландия) ду бор дар маҷмуъ ду ҳазор тонна тухми картошкаи элита овардем, мардум то 750 сентнерӣ давоми ин ду се сол ҳосил гирифтанд. Ҳоло низ аз ҳамон тухмӣ истифода мешавад, ки дигар он чизеш намондааст ва аз қазияву мушкилиҳои тухмии овардаи Вазорати кишоварзӣ дар солҳои охир ҳама хабар доред. Чанд касро аз кор гирифтанду чанд каси дигарро чӣ корҳое накарданд. Тухмиҳоро оварданд то Узбакистон инҷо каме манъ карданд, ки ҳамааш об шуда буд ва ба ин нигоҳ накарда онро ба навоҳӣ тақсим карданд, ки кӣ медонад, чӣ қадари он то ноҳияҳо расида буд. Ҳосилнокӣ бояд дар водии Рашт на камтар аз 400 сентнерӣ бошад. Даҳ соли охир 200 то 240 сентнерӣ шуда истодааст, ки боз қисме аз ин нишондод дурӯғ аст”.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз Вазорати кишоварзӣ талаб кард, ба ин соҳа диққати ҷиддӣ диҳанд, чун ба гуфтаи ӯ, “он мардумро мехӯронаду мепӯшонад. Мо оид ба омӯзиши ин масъала институт ҳам дорему ниҳодҳои дигар, ки мардум кор мекунанд ва маош мегиранд. Ин масъалаи бисёр муҳим аст ва ташвиши моро низ расонеду ба ин қазия ҷиддӣ аҳамият диҳед. Масъалаи тухмиро низ фикр кунед”.
Ин нигарониҳо ва интиқод аз ҳисоботи бардурӯғи Вазорати кишоварзию баҳси картошка дар парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки давоми беш аз як сол мешавад, ин масъала ба як баҳси доғ ва мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар табдил ёфтааст. Ин баҳс дар пайи гузориши Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат доғ ва ба мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои ҳукумату парлумон ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон қарор гирифт, ки соли гузашта ӯ аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода, гуфт, супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Вале дере нагузашта сокинон як килои онро аз 4,5 то 5 сомонӣ аз бозорҳои кишвар харидорӣ карданд.