Алишер ЗАРИФӢ Вазъи яке аз панҷ захмии таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ вазнин арзёбӣ мешавад.
Таркише, ки 8 ноябр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, то имрӯз чор кушта бар ҷой гузошт ва панҷ каси дигар дар беморхона бистариянд. Се нафар дар беморхонаи марказии Рӯдакӣ, як тан дар Қарияи Боло ва яке дар беморхонаи клиникии шаҳрии №3 табобат мегиранд. Табибони беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ саломатии як захмии ин таркишро вахим хонда, ҳолати ду тани дигарро беҳтар мегӯянд. Абдулвоҳид Насриддинов, мудири шӯъбаи эҳёи ин беморхона чоршанбеи 12 ноябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вазъи саломатии Диловар Пиромшоев , яке аз захмиёни таркиш хеле вазнин буда, барои табобати ӯ аз тамоми имконот истифода мекунанд. Ба гуфтаи оқои Насриддинов, Диловар Пиромшоев асосан аз сараш сахт осеб дида ва бо гузашти чаҳор рӯз ҳолаташ беҳтар нашудааст: “Сарашро ҷарроҳӣ кардем, ҳоло беҳад вазнин аст. Мутахассисони дигарро даъват кардем, муоина карданд. Акнун вақт лозим аст”. VIDEO
Одинамаҳмад Одинамаҳмадов и 50-сола яке аз захмиёни дигари таркиш, ки ҳамчунин дар беморхонаи марказии Рӯдакӣ бистарӣ аст, гуфт, ҳолаташ дар қиёс ба рӯзҳои пеш беҳтар шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзи ин ҳодиса ҳамроҳи писари нуҳсолааш – Зарулшоҳ буд, ки ҳоло дар Қарияи Боло бистарӣ мебошад. Одинамаҳмадов гуфт, 8 ноябр барои ба мошинашон пур кардани сӯзишвории газ ба НФС рафтанд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми наздик шудан ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ он ҷо чанд мошини дигар будааст: “Вақте ба даромадгоҳи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ наздик шудам, он ҷо як “Лексус”-у як “Опел” буд. Баъдан як мошини “ВАЗ-06” омад. Ман болотар мошинро нигоҳ доштаму хостам калидро гирифта назди фурӯшанда биравам. Аммо калид ба осонӣ берун нашуд, ҳамин лаҳза садои мудҳише баланд шуд. Дигар чизеро ба ёд надорам”. VIDEO
Ҷаноби Одинамаҳмадов дар натиҷаи ин таркиш бештар аз чеҳра, қафаси сина, як даст ва як пояш захм бардоштааст. Аммо писари нуҳсолаи ӯ аз чашмам осеб бардоштааст. Табибони Қарияи Боло ба “Озодагон” ҳолати Зарулшоҳи нуҳсоларо хуб арзёбӣ карданд. Давлатёр Сайфиддинов , табибе, ки Зарулшоҳро муолиҷа мекунад, иброз дошт, дар пайи таркиш ӯ аз чашми росташ захм бардоштааст: “Сафедаи чашмаш кафидааст, чашми чапаш низ каме захм бардоштааст”. Абдуллои Сайфулло аз захмиёни дигари таркиш, ки дар беморхонаи Рӯдакӣ қарор дорад, гуфт, таркиш аз мошини “Лексус” ба амал омадааст. Ӯ мегӯяд, тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса қарор дошт ва танҳо бо ин сабаб ҷароҳаташ сабуктар аст: “Қабурғаҳоям каме захм бардошт, нисбат ба рӯзҳои пеш вазъам ҳоло беҳтар аст”. Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қабл аз зуҳри 8 ноябр дар рустои Истиқлол-1-и ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Ба иттилои расида, се нафар бо шумули ду мард ва як зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як тани дигар бегоҳии 9 ноябр ҷон дод. Хуршед, Қурбонов, корманди ёрии таъҷилӣ, ки аз аввалинҳо шуда, 8 ноябр ба маҳалли ҳодиса омадааст, ба “Озодагон” гуфта буд, таркиш ба ҳадде шадид будааст, ки узвҳои бадани қурбониён ба ҳар сӯ пош хурдаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри як шарҳи кутоҳ дар рӯзи ҳодиса дар торнамои худ сабаби таркишро “риоя накардани техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ” гуфт. АКСУ ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ ҲОДИСА ИНҶОСТ Одинамаҳмад Одинамаҳмадов
Абдуллои Сайфулло
Диловар Пиромшоев
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)