Ёвон ба хориҷи кишвар варақаҳои гачкартонӣ содирот карданист
Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон қарор дорад, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ оғоз бахшид.
Дафтари матбуотии президент мегӯяд, “ин ҷо ду корхонаи саноатӣ бунёд меёбад, ки яке барои истеҳсоли варақаи гачкартонӣ ва дувумӣ барои тавлиди масолеҳи бастубанд ва ороиши сохтмон пешбинӣ шудаанд”. Ба иттилои манбаъ, корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ дорои иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз буда, то моҳи июни соли 2015 ба кор оғоз мекунад. Муҳлати ба кор омода шудани корхонаи дуюм моҳи декабри соли 2015 муайян гардидааст: “Ҳарду корхона аз ҷониби ширкати муштараки “Ху Чан Ғаюр Индастриал” бо харҷи 150 миллион сомонӣ сохта мешавад ва дар онҳо бо назардошти конҳои ашёи хом беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд”.
Дафтари матбуотии райисиҷумҳур мегӯяд, ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим доранд, бо чунин маҳсулот натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. “Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, барои сифати баланди бозоргир ва рақобатпазир ба роҳ мондани истеҳсолот маслиҳатҳои муфид дод”,-афзуд манбаъ.