Таваҷҷуҳи сафири Ҷопон аз ҷалби шаҳрвандон ба Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Душанбе аснои мулоқот бо Рустам Латифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба фаъолияти дохилиҳизбӣ, омодагиҳо ба интихоботи моҳи феврали соли 2015, ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои ҲАТ ва масъалаҳои ҳалталаби деҳоту соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Аз дафтари матбуотии ҲАТ гуфтанд, Рустам Латифзода зимни ин мулоқот таъкид доштааст, ҳадафи асосии барномавии ҳизбаш “беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми деҳот, таҷдиди роҳҳо ва дигар инфраструктураи деҳот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, пеш аз ҳама бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дастгирию ҳифзи манфиатҳои дигар соҳаҳои ба ин алоқаманд мебошад”.
“Рустам Латифзода кумаки арзишманди давлати Ҷопонро барои Тоҷикистон қайд намуда, иброз дошт имконият ва самтҳои ҳамкорию ҷолиби дастгирӣ дар деҳот дар қиёс ва қудрату имкониятҳои Ҷопон зиёданд ва ҲАТ метавонад дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳал, вазорати кишоварзӣ ва дигар идораҳои дахлдор саҳми худро гузорад”,-афзуд манбаъ.
Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ду аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфт. Соли 2013 як аъзои ин ташкилоти сиёсӣ узви Маҷлиси Миллӣ интихоб гардид.
Дар акс Рустам Латифзода