Ҷароҳати як тоҷики 19-сола дар пайи задухӯрд бо русҳо
Як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон бар асари задухӯрди муҳоҷирони тоҷик бо коргарони рус дар Санкт-Пебербурги Русия ҷароҳат бардоштааст. Расонаҳои русӣ навиштаанд, мағзи сари ин ҷавон лат хӯрда ва устухони косахонаи сараш шикастааст.
Гуфта мешавад, задухӯрди муҳоҷирони тоҷик ва коргарони рус 10 ноябр дар кӯчаи “Миллионная”-и марказии шаҳри Санкт-Петербург ба вуқӯъ пайваста, шаҳрвандони Тоҷикистон талаб кардаанд, онҳоро дар ҷойҳои кори худ барқарор намоянд. Дар мавриди ному насаби шахси маҷруҳ иттилое дода нашудааст.
Задухӯрд бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳолати ягона нест. Дар гузашта низ аз задухӯрдҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик бо дигар миллатҳо хабарҳо нашр шудаанд. Охирин хабар задухӯрди мусаллаҳона дар шаби 27 ба 28-уми октябр дар ноҳияи Сходняи вилояти Маскав буд, ки дар натиҷаи он ду тоҷик маҷруҳ гардид. Он вақт гуфта шуд, Николай, як корфармои рус ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро надода, бо ҷалби доғистониҳо хостааст, амволи ширкаташро аз анбор дар Сходня ба ҷои дигар барад, аммо муҳоҷирони тоҷик монеаи ин кор шуда, талаб кардаанд, нахуст маошашонро диҳад. Дар натиҷа задухӯрд ба миён омада, доғистониҳо сӯи тоҷикон тир холӣ мекунанд.