Раҳмон дар Ёвон “дарахти дарозумри сояафкан” шинондааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи як сафари кории худ субҳи чоршанбеи 12 ноябр озими ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ҳадаф аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон “шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун дар Ёвон мебошад". Манбаъ мегӯяд, бо иштироки раисҷумҳур дар канори роҳи даромадгоҳи ин ноҳия тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шудааст ва худи раисҷумҳур як ниҳоли дарахти дарозумри сояафкан шинонда, ба бунёди боғи нав оғоз бахшид. Дар ин боғ асосан чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шинонда мешаванд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар меафзояд, дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ наздики ҳазор нафар аз сокинони деҳоти атрофи ин ноҳия ҷамъ омаданд. Инчунин манбаъ иттилоъ медиҳад, дар доираи сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ёвон бархе корхонаҳои истеҳсолӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия фаъолиятро оғоз карда, ба шурӯи сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ асос гузошта мешавад.