Духтарро чию хонданаш чӣ?
Бону РАҲМАТУЛЛОЕВА
Теъдоди духтароне, ки маълумоти миёна надоранд, кам нестанд. Иддае аз волидон ҳади ақал иҷоза намедиҳанд, то духтаронашон мактаби миёнаро ба пурагӣ хатм намоянд. Андешаи тақдири ояндаи духтарашонро намекунанд. Аз онҳо боре намепурсанд, кӣ шудан мехоҳаду кадом кабсро интихоб кардааст. Роҳи ҳалро дар шавҳар додани духтар мебинанд.
Чунин мушкил аслан дар рустоҳо бештар ба чашм мехӯрад. Ҳарчанд ҳукумат барои таҳсили духтарон аз навоҳии дурдаст иқдомҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки онҳо ба таври нисбатан сода, тавассути квотаву роҳхатҳо имкони идома додани таҳсилро доранд. Қаҳрамони матлаби мо ҳам духтари деҳотиест, ки падараш нагузоштааст, мактаби миёнаро хатм кунад. “Пас аз хатми синфи нуҳ падарам нагузоштанд, ки мактаби миёнаро ба пуррагӣ хатм кунам. Бо вуҷуди зораву таваллои зиёд розӣ нашуданд. Ҳар рӯз гиря мекардам, модарам оби чашмамро пок мекард”,-бо алам нақл мекунад Ситора.
Ба гуфтаи ӯ, модараш ҷонибдори таҳсилро идома додани ӯ буд: “Мегуфт, чӣ кунам аз дастам ҳеч кор намеояд. Мехостам туро ба мактаби олӣ дохил намоям то соҳиби касб шуда, мисли ман дар зиндагӣ азоб накашӣ”.
Ситора мегӯяд, як рӯз вақте ҳавлиро ҷоруб мезад, ҳамсинфашро дид, ки мактаб меравад. Аламаш карду гирист. “Бибиям ин ҳолатро дида наздам омаду гуфт, агар ин қадар хондан хоҳӣ аз фардо ба мактабат рав. Пурсидам, ки падарам чӣ мегӯянд, гуфт ӯро фикр накун, ҳисобашро худам меравам”,-афзуд ҳамсуҳбати ман. Ба нақли Ситора бибияш сабаб шуду синфи 10-у 11-ро хонд: “Дар оила аввалин духтаре ҳастам, ки мактаби миёнаро пурра хатм кардаам. Вақте иҷозаи идомаи таҳсил дар мактаби миёнаро доданд, гумон доштам, барои ба донишгоҳ рафтан ҳам мушкил намешавад, аммо чунин нашуд”.
Ӯ мегӯяд, падараш танҳо як гап дошт, “духтарро чию хонданаш чӣ?”. Ва ҳамеша таъкид мекард, ки дар хона нишаста ба модарат дастёр шав. “Рӯзе тоқат накарда ба падарам гуфтам, ба ман бовар надоред? Ғайри интизори ман ором ҷавоб доданд, ки “бовар дорам”. Пас барои чӣ намегузоред, ки таҳсил кунам? Падарам каме фикр карда ба бародарам нигаристанд. Гӯиё фикри ӯро мепурсида бошанд. Бародарам ҳам гуфт, монед, хонад падарҷон”,-ёд меоварад Ситора.
Падари Ситора барои донишҷӯ шудани духтараш иҷозат медиҳад. Ҳоло қаҳрамони матлаби мо донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. “Умедворам донишгоҳро бо сари баланд хатм намояму сабаби ифтихори падару модарам бошам. Мо духтарон бояд ҳамеша дар боварии волидон бошем”.
Қиссаи қаҳрамони мо бояд барои падару модарон дарси ибрат бошад. Хоса падарон бояд дар фикри ояндаи неки духтарони худ бошанд ва онҳоро аз таҳсил дур насозанд. Касе намедонад, тақдири минбаъдааш чӣ мешавад, бо чӣ пастиву баландӣ дучор меояд. Духтарони таҳсилдида ҳамеша имкони пушти сар кардани мушкилиҳоро доранд. Пас, беҳтар нест, ки ба онҳо имкон дода шавад, то илм биомӯзанд?