Пештозии Душанбе аз рӯи теъдоди мубталоёни СПИД
Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба СПИД мегӯяд, то моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 6 ҳазору 309 нафар мубталои бемории СПИД сабт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ аксари беморонро ҷавонони то 30-сола ташкил намуда, аз рӯи минтақа шаҳри Душанбе пешсаф аст: “Масалан, аз 100 ҳазор нафаре, ки дар Душанбе ташхис шудаанд, 239 нафар мубталои ин беморӣ будаанд.”
Инчунин ташхис миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соли 2013 518 нафар мубталои бемории СПИД-ро ошкор кардааст.
Тибқи иттилои созмонҳои беҳдошти байналмилалӣ то ҳозир дар ҷаҳон 30 миллион нафар аз сабаби ин беморӣ фавтида, 33 миллиони дигар гирифтори он мебошанд.