Боздошти декани факултаи филология бо иттиҳоми гирифтани пора
Додситонии шаҳри Тошканд парвандаи декани факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии забонҳои Узбакистон Фахриддин Абдураҳмоновро барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳрӣ фиристодааст.
Абдураҳмонов бо иттиҳоми сӯйистифода аз мансаб ва гирифтани пора айбдор мешавад. Ба навиштаи бахши узбакии Радиои Озодӣ Фахриддини 41-сола 26 октябр аз ҷониби додситони шаҳрӣ ва Хадамоти амнияти миллӣ боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ замоне боздошт шудааст, ки аз модари як довталаби самарқандӣ дар бозори “Ипподром” 10 ҳазор доллар гирифтааст. Аммо, манбаҳои бахши узбакии Радиои Озодӣ аз донишгоҳ гуфтаанд, мақомот барои Фахриддин “дом” сохтанд.
Онҳо гуфтаанд, гумонбар аз оилаҳои дорои Тошканд буд ва ба пули довталабҳо ниёз надошт. Илова бар ин манобеи бахши узбакии Радио Озодӣ гуфтаанд, дар ҷараёни тафтишот Фахриддинро маҷбур намудаанд, алайҳи раиси донишгоҳ ва кормандони маркази тестии давлатӣ шоҳидӣ бидиҳад.
Дар ҳоли тасдиқ шудани ҳукми додгоҳ Фахриддин Абдураҳмоновро барои 15 сол равонаи зиндон мекунанд.