Ваъдаи президент дар бораи маош ба ҳангоми буҳрон
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ваъда додааст, маош ва нафақаи шаҳрвандони кишварашро дар айёми буҳрон поин намебарад.
Назарбоев зимни паём ба мардум дар иҷлоси ҳизби “Нур Отан” гуфтааст, буҳрон ҳадди аксар панҷ сол давом мекунад ва ин мушкилро паси сар хоҳанд кард: “Шояд натавонем маошро баланд бардорем, вале ончиро ки дорем, ҳифз мекунем”.
Раиси ҷумҳур инчунин қайд кардааст, дар соли 2015 кишвараш 550 солагии давлатдории ин кишвар, 20-умин солгарди Сарқонун ва Ассамблеяи мардуми Қазоқистон, инчунин 70 солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонро ҷашн мегирад: “Мо бидуни ба хатар андохтани касе, бидуни аз даст додани забон ва шарафи касе ва бо ироа кардани фурсатҳои баробар ба ҳамаи шаҳрвандон суботро барқарор кардем. Мо дар ин самт ба пеш меравем”.