Сафорат латтукӯби ҳимоятгари тоҷикон дар Мисрро рад кард
Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабари боздошт ва латтукӯб шудани яке аз вакилони чаҳор тоҷики боздоштшуда дар шаҳри Қоҳираро аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар рад кард.
Масъулини сафорати кишвар дар Қоҳира рӯзи 11 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, “хабари аз ҷониби мақомоти амниятии Миср боздошт ва мавриди латту кӯб қарор гирифтани яке аз вакилони мудофеи тоҷикони боздоштшуда сиҳҳат надорад”.
Қаблан яке аз ҷавонони тоҷики муқими Миср дар суҳбат бо “Озодагон” аз латту кӯб шудани яке аз вакилони мудофеи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қоҳира аз сӯи мақомоти амниятии он кишвар хабар дода буд. Ӯ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, “ин адвокатро барои он латтукӯб кардаанд, ки чаро аз ҳуқуқҳои аъзои ДИИШ ҳимоят мекунӣ?!”
Ба қавли масъулини сафорат, ҳоло аз ҳуқуқҳои чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қоҳира ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо созмони террористии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) дастгир шудаанд, ду вакили мудофеи мисрӣ ҳимоят мекунад. Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, тафтишот ва таҳқиқ парвандаи ин афрод идома дошта, умедвор аст, “пас аз равшан шудани тамоми паҳлуҳои парванда бегуноҳии шаҳрвандони мо собит ва онҳо аз боздошт озод хоҳанд шуд”.
Манбаъ меафзояд, ба далели анҷом наёфтани таҳқиқот рӯзи 8 октябри соли равон дубора муҳлати ҳабси пешакии шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи яке аз додгоҳҳои Қоҳира ба муддати муайян тамдид шудааст: “Дипломатҳои Сафорат бо боздоштшудаҳо ва мақомоти марбутаи кишвари маҳалли иқомат ба гунаи мунтазам дар тамос буда, дар нишастҳои додгоҳ иштирок мекунанд”.
Ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон шоми 20 сентябри соли равон дар минтақаи Ҷиза дар маҳалли аҳромҳои бостонии Миср дастгир шуданд. Мақомоти амниятии Миср онҳоро дар ҳамдастӣ бо ДИИШ муттаҳам карда, гуфтаанд, ҳангоми бозҷӯии мошини ҷавонони тоҷик ашёи машкук, аз ҷумла либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як ханҷару ду телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноотбук ёфтаанд. Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон дар лаҳзаҳои аввали боздошт тамоми иттиҳомотро такзиб карда, гуфтанд, бо ҳеч гуруҳе ҳамкорӣ надоранд ва наворҳои дар телефони ҳамроҳашон буда аз интернет гирифта шудааст.
Хабаргузориҳои Миср аз қавли боздоштшудаҳо навишта буданд, ду нафари онҳо донишҷӯи донишгоҳи Азҳар ва дуи дигар меҳмон мебошанд. Дар бораи ному насаби афроди боздоштшуда, на сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ва на расонаҳои хабарии Миср чизе то ҳол нагуфтаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)