Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, тафтишот алайҳи Фирӯза Савушкина, арӯси 31-солаи писари мушовири президенти Русия ба охир расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳи яке аз ноҳияҳои Маскав ирсол хоҳад шуд.
Фирӯза Савушкина, арӯси Юрий Глазев, писари 23-солаи Сергей Глазев, мушовири раиси ҷумҳури Русия мебошад ва дар он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамватани худ Дилафрӯз Мирзоева таҳдиди куштан кардааст. Мирзоева парастори модаркалони Юрий Глазев мебошад ва муноқиша байнашон моҳи сентябри соли равон сар задааст. Тибқи баёноти ҷабрдида гӯиё Фирӯза дар заминаи рашк ба ӯ бо корд ҳамла карда, таҳдиди куштан намудааст, вале Юрий Глазев тавонистааст кордро аз дасташ гирад: “Бо вуҷуд ӯ тавонист, баданамро харошад, ки то ҳол ҳам дард мекунад.” Дар заминаи ин даъво додгоҳи Солнечногорск қарори ҳабси Савушкинаро содир намудааст, ки ба гуфтаи Юрий Глазев ҳомиладор буда, якуним моҳ боз дар боздошт аст.
Худи Юрий Глазев мегӯяд, он як таҳдид сари қаҳр буда, асоси воқеие надорад. Ӯ мегӯяд, муноқиша чандон ҷиддӣ набуд ва муътақид аст, ки аризаи даъвогӣ алайҳи арӯсаш бо дахолати модараш навишта шудааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд аз издивоҷи ӯ бо Фирӯза ҷилавгирӣ кунад. “Ин сохтакорӣ ҳаст. Бо модарам муносибати хуб надошт. Иттиҳоми нахустин алайҳи Фирӯза ин буд, ки муддати будубоши худро дар Русия тамдид накардааст. Аммо баъдан ӯро бо ҷурми ҷиноӣ муттаҳам карданд”.