Қодирӣ барои овардани хоки мазори Хуҷандӣ ба Эрон меравад
Абдурраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба хотири овардани миқдоре аз хоки мазори Камол Хуҷандӣ, шоири шинохтаи тоҷик дар садри як ҳайат озими Эрон мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроии вилояти Суғд, сафари Қодирӣ ба Эрон рӯзи 16 ноябри соли равон сурат гирифта, ӯро дар ин сафари чаҳоррӯза Фарзонаи Хуҷанӣ, Озарахш ва чанд тани дигар ҳамроҳӣ хоҳанд кард: “Ин сафар бо ҳамоҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, ҳайати Тоҷикистон баъд аз баргузории маросиме, миқдоре аз хоки мазори Камоли Хуҷандӣ, шоири шаҳирро ба Ватан меоранд”.
Манбаъ мегӯяд, раиси вилояти Суғд дар доираи ин боздидаш аз Эрон бо раҳбари Фарҳангистони забону адаби форсӣ, шаҳрдории шаҳри Табрези ин кишвар мулоқот карда, вохуриҳоеро дар Донишгоҳи Фирдавсӣ низ анҷом хоҳад дод. Дафтари матбуоти мақомоти иҷроии вилояти Суғд афзудааст, дар доираи ин сафар боздиди ҳайати мазкур аз оромгоҳи Фирдавсӣ ва зиёрати ҳарами Имом Ризо дар Машҳад дар назар аст.