Мусодираи силоҳ аз хонаи амири “Ансоруллоҳ” дар Суғд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як амалиёт аз хонаи Шамсиев Наҷмиддин таппончаҳои Байкал ва Макаровро бо дастгоҳи садохомӯшкунанда ва тирҳо мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ Шамсиев, сокини 28-солаи Истаравшан, амири ҷабҳаи иттиҳоди ҷиноятии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом мебошад. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, худи ӯ қаблан боздошт шуда буд ва зимни кофтукоб аз хонаи ӯ “1-адад таппончаи тамғаи “Байкал-442”, бе соли барориш, 2-адад тирдон бо 24-дона тир, 1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, бе соли барориш, 2-адад тирдон бо 61-дона тир, 1-адад садохомушкунак дарёфт ва мусодира карда шуд.”
Ба иттилои манбаъ нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
«Ҷамоати Ансоруллоҳ» як ҳаракати тундрави мазҳабиест, ки дар заминаи Ал-Қоида дар Покистон асос ёфтааст. Ин гуруҳ соли 2010-ум масъулияти ҳамлаи маргталабона алайҳи пулис дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифта буд ва соли 2012 аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон созмони мамнӯъ эълон гардид. Ба иттилои мақомоти тоҷик созмонро нафаре бо номи Амриддин Табаров, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ аз қаламрави Покистон раҳбарӣ мекунад, ки сулҳи тоҷиконро напазируфта кишварро тарк кардааст. То ҳол ба иттиҳоми узвият ба ин иттиҳод даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар маҳкум ба зиндон шудаанд.