Терминали наву “хизмат”- расониҳои куҳна дар фурудгоҳи Душанбе
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”
Шоми 6-уми ноябр зимни гусели як наздикам дар терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шоҳиди он шудам, ки гарчанде шароити корӣ нав шудааст, “хизмат”-расониҳои куҳна боқӣ мондаанд. Зоҳиран ҳама зебост, вале сифати хизматрасонӣ то дараҷае метавонад корафтодагонро нороҳат кунад, ки ин зебогиҳо аз мадҳи назар дур мемонанд.
Хеши наздикам-Ашрафмо Худодоваро шоми 6-уми ноябр тариқи ширкати “Тоҷик Эйр” ба Маскав гусел кардам. Бораш ҳудуди 36 килоро ташкил дод, ки аз меъёри муқаррарнамудаи ширкат, ки 20 кило мебошад, 16 кило бештар аст. Барои ҳар килои бори зиёдатӣ мусофир бояд маблағи иловагӣ пардохт кунад.
Дар шуъбаи иттилооти фурудгоҳи Душанбе ба мо гуфтанд, ки мусофир барои ҳар килои барзиёд бояд дар ҳаҷми 1 фоиз аз арзиши чипта маблағ супорад. Худодова чиптаро 1680 сомонӣ харида буд ва тибқи гуфтаҳои шуъбаи иттилоот барои ҳар килои зиёдатӣ бояд, 16 сомонию 80 дирам пардохт мекард. Аммо масъулин дар фурудгоҳ барои ҳар кило 20 сомонӣ ҳисоб карда, дар маҷмуъ аз ӯ 320 сомонӣ гирифтанд, вале дар додани санади пардохт таъхиркорӣ карда, мегуфтанд, ки худамон онро ба ҷои даркорӣ пешниҳод мекунем. Аммо дар ошёнаи дуюми терминали нав Ашрафморо барои надоштани санади пардохти маблағи бори зиёдатӣ бозпас гардонданд ва мо мушоҳида мекардем, чӣ гуна Худодова, ки аз расмиёту қоидаҳои фурудгоҳ хуб огоҳ набуд, саргардон барои санади пардохт ин тараф он тараф медавид.
Аммо масъуле, ки маблағро гирифт ниҳоят бе додани санад Худодоваро аз ниҳодҳои санҷишӣ гузаронда, то ба толори интизории парвоз расондааст. Вақти тамос фаҳмидем, ки Худодова санадро нагирифтааст ва дар толор интизори парвоз аст. Ӯ ниҳоят бо 16 кило бори зиёдатӣ, бо додани 320 сомонӣ ва нагирифтани санади пардохт бомуваффақият соати 21:25 дақиқа аз Душанбе парвоз намуда, бо ҷои лозимӣ расид.
Ин ҷо суоли матраҳ он аст, ки мусофир маблағро пардохт кард, аммо санади расмии тасдиқкунанда ба ӯ дода нашуд. Ин маблағ на ба буҷаи ширкати “Тоҷик Эйр”, ки феълан ғарқи қарз аст, балки ба кисаи як масъул рафт, ки танҳо аз як мусофир 320 сомонии “бе дарди миён” кор кард. Шояд аз ин маблағ барои чанд нафари дигар низ порае расад, аммо дар асл бояд он ба буҷаи ширкати “Тоҷик Эйр”, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон мерафт, ки феълан ба маблағгузорӣ ниёз дорад.
Ахиран барои беҳбуди вазъи молии ширкат “Тоҷик Эйр” ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо якҷо намуданду роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Рустам Холиқов супорид. Аммо тавре ин ҳолат нишон дод, Холиқов низ назоратро ба таври лозимӣ аз болои кори тобеинаш ба роҳ намондааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи Душанбе ҳамаи кормандони дахлдорро ба кор бо дасту дили пок даъват намуд ва таъкид кард, ки маҳз онҳо муаррификунандаи фарҳанги миллӣ дар назди меҳмонони хориҷию дохилӣ мебошанд ва нахустин таассурот дар бораи кишвар аз сифати хидматрасонии онҳо вобаста аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)