Дар Хатлон сафи ҲХДТ-ро тарк мекунанд?
Дасти кам 8 узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз тасмимашон дар мавриди берун шудан аз сафи ин ташкилоти сиёсӣ хабар додаанд.
Ба иттилои хабаргузории “Тоҷнюс” ин афрод соҳибкорони бозори “Ином”-и Шаҳритус буда ва дар як аризаи дастаҷамъӣ ба роҳбари ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар ҶСК “Ином” хостори хориҷ шудан аз сафи ҲХДТ шудаанд. Манбаъ, сабаби ин тасмими соҳибкоронро ба “баҳси таракаи бозори “Ином”-и Шаҳритус миёни хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоевҳо” унвон кардааст. “Бозори “Ином”-и Шаҳритус дар пайи баҳсҳои тезутунди миёни моликони он ва Муҳиб Саъдуллоев пурра бе нерӯи барқ монда, боиси норозигӣ ва эътирози соҳибкорон ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шудааст”,-навиштааст хабаргузорӣ.
“Тоҷнюс” аз нақли Дилрабо Мирсолиева, яке аз соҳибкороне, ки барои берун шудан аз ҲХДТ ариза навиштааст, менависад, “мо якуним моҳ шуд, ки барқ надорем. Дуконҳи мо кор намекунад, дар бозор умуман ягон дукон кор намекунад, кафшергарон, дару тирезасозҳо ҳама бекор мондаанд. Аз овози баланди барқдиҳандаҳои бензинӣ - движокҳо асабамон хароб шудааст. Борҳо муроҷиат кардем ба ҳукумати ноҳия, гуфтанд, ки сим харида, аз ҳудуди қисми низомӣ барқ биёрем. Як километр симро бо норхи 8-9 сомонӣ харида наметавонем. Ҷанҷоли Муҳиб Саъдуллоев ва Ҳоҷӣ Бурҳон (Абдуллоев) сабаб шудааст, ки бозорро аз неруи барқ маҳрум кунанд. Ҳар сари чанд инҳо омада дар миёни соҳибкорон ҷанҷол мекунанд, тақсим мекунем мегӯянд. Метарсем, ки бозорро боз оташ мезананд, шабҳо хоб надорем, ҳушу ёдамон ба дукон аст. Агар ҳизб манфиатҳои қонунии моро ҳимоя карда натавонад, чунин ҳизб лозим нест, ман аз узвияти он даст мекашам”.
Дар мактуби дастаҷамъии соҳибкорон гуфта шудааст, бозорро аз барқ маҳрум кардан, “душманӣ ба ҷамъияти бозор аст”, ки агар ҳол чунин идома кунад, аз пардохти андоз ва хароҷоти хизматрасониҳои коммуналӣ саркашӣ мекунанд.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1993 таъсис ёфта, 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Тоҷикистон онро сабти ном кард. То имрӯз раҳбарии онро оқои Раҳмон бар уҳда дорад. Ин ҳизб бештари курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дошта, аксари соҳибмансабони давлатӣ низ узви он гуфта мешаванд.