Даъват ба артиш: Хатлон аз анҷоми нақша хабар дод, ноҳияҳои тобеъ қафомондаанд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 100 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар вилояти Хатлон хабар дод.
Аз дафтари матбуотии ин вазорат 10 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ то имрӯз, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 95 дарсад иҷро гардидааст. Манбаъ мегӯяд, нақшаи даъват ба сафи хизмати ҳарбӣ то рӯзи 10 ноябр дар вилояти Бадахшон 98%, Суғд 94%, навоҳии тобеи марказ 86% ва шаҳри Душанбе 93% иҷро шудааст.
Мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад.