Номаи Кабирӣ ба раиси Дастгоҳ баъди хомӯшии Убайдуллоев
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар барои баргузории анҷумани ҳизбаш толор хостааст.
Дар номаи раиси ҲНИТ ба раҳбари Датсгоҳи иҷроии президент гуфта шудааст, ин ҳизб барои баргузории анҷумани қаблазинтихоботии худ ба толоре ниёз дорад, ки ҳадди ақал тавони ҷой кардани 700 нафарро дошта бошад. Кабирӣ инчунин аз моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи аҳзоби сиёсӣ” ёдоварӣ кардааст, ки таъмини имкониятҳои баробар ба аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати баргузории маъракаҳои интихоботиро таъкид мекунад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ рӯзи 10 ноябр дар шарҳи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, номаи Муҳиддин Кабирӣ ба раиси Дастгоҳи президент замоне ирсол гардид, ки чунин нома қаблан ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдорӣ Душанбе навишта шуда буд. Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, ин ҳизб дар таърихи 30 сентябри соли ҷорӣ бо навиштани номае аз Убайдуллоев барои пайдо кардани толор кумак хост, вале бо гузашти беш аз як моҳ посухеро нагирифтааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш беш аз 40 ҳазор узв дорад ва қарор аст, 16 декабри соли ҷорӣ анҷумани пешазинтихоботии он баргузор шавад.