Майори рус муҳоҷири тоҷикро пахш кардааст: Мурда гунаҳкор!
Мақомоти пулиси Маскав мегӯянд, як майор, сарнозири Бозрасии автомобилӣ бо мошини шахсияш- “Toyota Land Cruiser Prado” шоми якшанбеи 9-уми ноябр як муҳоҷири тоҷикро пахш намудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Маскав муҳоҷири 54-солаи тоҷик дар километри 7-уми шоҳроҳи Рублевск дар ҷое, ки барои роҳгузарон пешбинӣ нашудааст, роҳро убур намуда, зери чархи мошини майор мондааст: “Майор сархуш набуда, суръатро низ баланд накардааст. Ӯ худаш ёрии тиббии таъҷилӣ ва маъмурини БДА-ро даъват намудааст.”
Мақомоти рус дар қазия муҳоҷири тоҷикро гунаҳкор мекунанд, ки аз ҷароҳатҳои бардоштааш соати 22:00-и шаби 9-уми октябр дар беморхонаи Маскав ба ҳалокат расидааст.