Вокуниши профессор Сайфиддин Назарзода ба андешаҳои донишманд Сафар Абдуллоҳ дар мавриди забони тоҷикӣ
Имрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегарданд. Барои ҳамин пажуҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этноними тоҷик барои устуворсозии босанад ва бодалели мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳамияти ҳалкунанда касб мекунад. Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Бархе ақида доранд, ки гӯё забони тоҷикӣ асос ва заминаи илмӣ ва таърихӣ надорад ва он гӯё барои тақсимбандии забони ягонаи форсӣ ба таври сунъӣ номгузорӣ шудааст. Ин ақида бештар дар байни фарҳангиён ривоҷ дорад ва онҳо гӯё тарафдори ягонагии забони мо бо гунаҳои дигари он дар Афғонистону Эрон мебошанд. Агар баъзеҳо забони тоҷикии моро бештар дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намоянд, дигарҳо ба ягонагӣ ва ваҳдати форсизабонон ва тоҷикзабонони дунё зарба мезананд. Дар байни мардуми мо ва халқҳои Эрону Афғонистон мухолифат меандозанд. Ҳол он ки барои ҳар як равшанфикри каму беш аз таърихи забони мо бохабар маълум аст, ки агар қабилаҳову халқҳои сомиву аврупоӣ бо фарҳангу тамаддуни мо ба воситаи форсиёну форсизабонон ошно шуда забони моро “форсӣ” номида бошанд, халқҳои туркзабону мардуми Чину Ҳиндустон ба воситаи мардуми тоҷик бо фарҳанги мо-ориёиҳо ошно шуда забони моро “тоҷикӣ” хондаанд.
Ба наздикӣ, дақиқтараш дар шумораи 17 сентябри соли 2014 рӯзномаи “Озодагон” суҳбати рӯ ба рӯйи Сафар Абдуллоҳ, яке аз муҳаққиқони фаъоли фарҳангу адаби тоҷик таҳти унвони “Забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надошту надорад” чоп шуд, ки идомаи суҳбати ӯ аз шумораи гузаштаи ин рӯзнома буд. Дар ин суҳбат бисёре аз масълаҳои забони тоҷикӣ (ҳарчанд ӯ худро тоҷикзабон намешуморад) ва фарҳангу таърихи мардуми мо ба таври воқеъбинона таҳлил шудааст. Махсусан масъалаи гаҳвораи тамаддуни ориётабор будани ду тарафи дарёи Ому ва сарзамини Осиёи Марказӣ то Қошғару Хутан, шаҳрҳои бостонии ориёӣ будани Балху Бухорову Самарқанду Исфиҷобу дигар дар ин суҳбат хеле хуб ва муфассал баррасӣ шудааст. Инчунин таъсири бисёр бунёдӣ доштани донишмандони арабизабони Эрон дар бунёди фарҳанги исломӣ низ бисёр хуб тасвир шудааст. Вале ба ду ақидаи муҳтарам Сафар Абдуллоҳ наметавон розӣ буд, ки яке аз Эрони Ғарбӣ ба Хуросону Суғду Бохтар омадани забони имрӯзаи мо ва дигаре вуҷуд надоштани номи “тоҷикӣ” дар забони мо мебошад.
Ӯ аз ҷумла мегӯяд: “Ҳамин забоне, ки “дарӣ” мегӯем, забони дарбори Сосониён буд, ки онро “порсиг” мегуфтанд". Аввалан, забони дариро дар ҳеҷ вақту замон “порсиг” нагуфтаанд ва истилоҳи “порсиг” ба забони форсии миёна ё паҳлавии сосонӣ сидқ мекунад. Дар ин бора донишмандону муҳаққиқони зиёде баҳсу мунозира карда, фикру назарҳои худро ироа кардаанд. “Порсӣ” ё “форсӣ” баъдан дар даврони исломӣ ба вожаи “дарӣ”афзуда шудааст. Нигаред ибораи “дарии роҳи рост” дар аввалин намунаҳои тарҷумавӣ ба ин забон (“Тафсири Табарӣ”).
Агар ба таърихи забонамон ба таври иҷмолӣ назар афканем, донишмандони забоншинос марҳилаҳои тайкардаи забони тоҷикиро ба се давраи калони таърихӣ тақсим кардаанд: форсии бостон, ё забони аҳди Ҳахоманишӣ, форсии миёна ё паҳлавӣ ва ниҳоят форсии нав, ки дар таърихҳо ва матнҳои классикӣ бо номи форсӣ, порсӣ, порсии дарӣ, тоҷикӣ ёд гардидааст. Албатта ин тақсимот то ҷое маснуӣ ва шартист, зеро равшан аст, ки мардумон ҳеҷ гоҳ аз сухан гуфтан боз наистодаанд ва чунин ҳам набудааст, ки онҳо пагоҳӣ бархоста ба ҷои забони форсии қадим ба паҳлавӣ сухан гуфта ва ё рӯзи дигар ба порсии дарӣ гуфтугӯ карда бошанд. Аз ин ҷост, ки дар бораи саргаҳу сапедадамии давраи сеюми забони мо то имрӯз баҳс идома дорад ва то ба ҳол посухи ягона мавҷуд нест. Албатта аз ин гуфта набояд пиндошт, ки ин саҳифа ба куллӣ торик ва нохонда мондааст. Тамоми муҳаққиқоне, ки ба ин мавзӯъ даст задаанд, бар онанд, ки умри ин забон ба маротиб аз он чи менависанд (1100-1200) бештар аст.
Аз фасоҳат ва устувории забони нахустин китобҳое, ки аз оғози марҳилаи нави забони мо боқӣ мондаанд, Маликушшуаро Баҳор ба чунин хулоса омадааст: “Аз пухтани иборат ва истеҳкоми таркибот ва ширинии лафзу маънӣ пайдост, ки насри қадим парваришёфтаи солиён ва балки қарнҳои дуру дароз аст ва ба маротиб аз китобҳои паҳлавӣ, ки шояд баъзе дар ҳамон қарн таълиф ёфтааст, пухтатар ва ҷомеътар ва аз лиҳози татаввур комилтар аст” (Сабкшиносӣ, ҷ.1, с. 22). Дар таърихҳо ва фарҳангҳо далелҳои дигаре низ пайдо кардан мумкин аст, ки аз таърихи қадимтари забони мо гувоҳӣ медиҳад. Масалан, Ибни Қутайба дар “Табақот уш-шуаро”, ва Табарӣ дар “Таърихи Табарӣ” ба ихтисор нақл кардаанд, ки Ибни Муфаррағ – шоири араб муддате дар Хуросон ва Исфаҳон зиндагӣ карда, дар соли 60-и ҳиҷрӣ (681 -мелодӣ), яъне пас аз 21 соли инқирози давлати Сосонӣ ба тоҷикӣ-форсӣ шеър гуфтааст. Ин далел бори дигар тасдиқ мекунад, ки ҳанӯз дар он давра забони тоҷикӣ аллакай забони инкишофёфтае будааст, ки як шоири бегона дар муддати кутоҳ онро хуб омӯхта ва ба он шеър сурудааст, на як забоне будааст дар ҳоли ба вуҷуд омадан. Ё, Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ дар мақолаи худ бо номи “Кори фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ” муътақид аст, ки “забони форсии дарӣ… собиқаи истеъмолии ҳаштсадсолаи пеш аз Ислом дорад”.
Ба иттилои Сафар Абдуллоҳ расониданием, ки шарқтарин вилояти Сосониҳо Марв ҳисоб мешуд ва Бохтар танҳо ду дафъа, як бор дар асри III ва дафъаи дуюм дар асри VI – аниқтараш дар солҳои 563-564 мелодӣ таҳти тасарруфи Сосониён афтода буд. Ва он ҳам бо машварати пинҳонии Сосониёну Ҳоқони Туркони ғарбӣ дар бораи шикаст додани давлати Ҳайтолиён (аз "Шоҳнома" қиссаи набарди хунини шашрӯза ё ҳафтрӯзаи Ҳайтолиён бо роҳбарии Ғотифарро бо туркон дар наздикии Бухоро, агар хонда бошед, ба ёд биёред, ва агар нахонда бошед, мутолиа кунед) ва тақсими ҳудуди онҳо байни Сосониён ва Туркон сурат гирифта буд, ки дар натиҷа тахминан 60-70 сол то ҳуҷуми араб ва шикасти Сосониҳо марзи Эрони сосонӣ ва Ҳоқонигарии Туркони ғарби дарёи Ому қарор гирифт. Суғд умуман дар тасарруфи сосониҳо набуд ва дар тақсимоти ҳудудии ҳар ду минтақа байни сосониҳо ва туркҳо он моли туркҳо гардид. Бохтару Суғд вилоятҳои марказии аввал давлати Кушониён ва сипас Кидориёну Ҳайтолиён буданд ва тавсеаи забони форсии паҳлавӣ ва портӣ (таъсири ин забон дар ташаккули забони тоҷикӣ пажӯҳиши алоҳида талаб мекунад) ба ин минтақаҳо бештар хусусияти фарҳангӣ дошта, аз наздикии забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, паҳлавӣ ва портӣ дарак медиҳанд. Доир ба ин масъала донишманди мумтоз Бертелс Е.Э. мақолаи хубе дорад, бо номи “Форсӣ/дарӣ/тоҷикӣ”, ки хондани онро низ ба муҳтарам Сафар Абдуллоҳ тавсия менамоям.
То ҳамлаи араб ва ҳатто баъд аз чандин соли истилои араб дар ин минтақа забонҳои маҳаллӣ ривоҷ доштанд ва забони суғдӣ ҳатто то қарни XI- мелодӣ забони ҳам навишторӣ ва ҳам гуфтории деҳоти Суғд буд. Бинобар ин ҷойи ин забонҳоро гирифтани забони паҳлавӣ ва табдил ёфтани он ба забони дарӣ бепоя ва бедалел ба назар мерасад. Ақидаи дигаре, ки ӯ солҳост такрор мекунад, чунин аст, ки “Забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надошту надорад”. Ин ақидаро Сафар Абдуллоҳ як сол пештар дар рӯзномаи “Миллат” (16.01.2013) тарафдорӣ карда чунин навишта буд: “...Номи забони тоҷикиро ба мо душманонамон таҳмил кардаанд ва ин ном бештар таъбири сиёсӣ аст, на таъбири илмӣ”. Яке аз тарафдорони ӯ дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” (10.10.2012) менависад: “Чӣ агар “Хусрав”-ро “Каҷрав” ном бурдан зишт бошад, низ “форсӣ”-ро “тоҷикӣ” гуфтан зишттар аз он аст”. Ин рӯзноманигори “босавод” донишу саводнокии худро дар бораи таърихи пайдоиши ибораи “забони тоҷикӣ” нишон доданӣ шуда менависад: “Забони мо, ки форсӣ буд, аз соли 1938 ин ҷониб бо диктаи (дасти зур)-и мутаҷовизини рус “тоҷикӣ” кунонида шуд” ва боз илова мекунад: “таъбири “забони тоҷикӣ” бофтаи душман аст ва тавҳине ба исми забони модарии мост”, ки ин амалро имрӯз ҳам душманони мо доман зада истодаанд.
Номи забон одатан аз номи халқҳои соҳиби ин забон пайдо мешавад. Забони форсӣ ҳам аз номи қабилаҳои ориётабори порсҳо (форс-муарраби порс) гирифта шудааст. Ин қабилаҳо ҳудуди 3-4 -ҳазор сол пеш аз сарзаминҳои Осиёи Марказӣ ба Ғарб куч баста, дар қарнҳои XII-XI пеш аз мелод дар сарзамини ҳозираи Озарбойҷони Эрон ва як бахши Туркия қарор дошта, аз қисмати Ғарб бо модҳо ҳамсарҳад буданд. Баъд аз ду қарн ин қабилаҳо ба сарзамини ҳозираи худ-вилояти Порси Эрон омада дар он ҷо сокин шуда, халқҳои маҳаллии ин минтақа иломиҳоро оҳиста-оҳиста ба фарҳангу тамаддуни худ ҳамроҳ намуданд. Ин гуфтаҳо бо далелҳои зерин исбот шудаанд: Минбаъд бо пайдо шудани ду хонадони бузурги шоҳаншоҳӣ- Ҳахоманишиниён ва Сосониён номи ин халқи эронитабор ба минтақаҳои дигар паҳн шуд ва хусусан номи забони форсӣ баъд аз интишори ислом ва футуҳоти араб ба қисмати шарқии Эрон бештар паҳн гардид ва оҳиста-оҳиста ба ҷои “дарӣ” ва “тоҷикӣ” истифода гардид. Ин ақида, ки забони форсӣ асосан забони вилоятҳои ҷанубу ғарбии Эрон аст, дар тамоми фарҳангҳои муътабари форсии даврони исломӣ бо андаке тағйирот вомехӯрад. Масалан, дар “Бурҳони қотеъ” дар ин бора чунин омадааст: “Ва порсӣ забонеро гӯянд, ки дар вилояти Порс, ки дорулмулки Истахр аст, мардумон бад-он сухан гӯянд”. Дар ҳамин ҷо ӯ нисбат ба хусусиятҳои хоси забони дарӣ мефармояд: “Ва дарӣ он аст, ки дар он нуқсоне набувад, ҳамчу абрешум ва испед ва ишкам ва шутур ва бираву бигӯ ва бишнав ва амсоли онҳо. Пас бирешум ва сапед ва шикаму уштур ва раву дав ва гӯву шунав дарӣ набошад”. Ҳар ду вожа, ҳам “тоҷикӣ” ва ҳам “форсӣ” (дар давраи форсии миёна дар шакли “parsig”) аз давраҳои бостонӣ (ҳадди ақал аз асри II мелодӣ) мавриди истифода буданд ва аз номи қавму халқҳои ориёнажоди тоҷику форс сарчашма гирифтаанд.
Номи забони тоҷикӣ ҳам ба номи халқи тоҷик ва қавмҳои ориёии ба он наздик алоқаманд буда, таърихи дерина дорад. Бар хилофи қабилаҳои форсӣ ин қавмҳо ба таври доимӣ дар Ватани аслии худ-ду тарафи дарёи Аму боқӣ монданд ва аз рӯи ривояти таърихии мардуми ориёитабор номи худро аз номи яке аз сарқабилаҳои ориёӣ бо номи Тоҷ гирифтаанд ва ҳамвории бузурги имрӯзаи назди баҳри Хазар-дашти Тӯрон дар аҳди қадим дашти Тоҷик ном дошт. Тавре ки номи Арал дар замонҳои пеш бо номи баҳри Вахш машҳур буд. Агар ибораи “забони тоҷикӣ” “сирф таъбири сиёсӣ” бошад ва ба ақидаи Обиди Шукурзода таъбири “забони тоҷикӣ бофтаи душман” бошад, пас дастандаркорон рӯзномаи “Бухорои шариф”, ки парчами равшанфикрони Бухорои ибтидои асри XX буд, чӣ касоне бошанд ва дар доми кадомин “мутаҷовизин” афтода бошанд, ки дар шумораи сеюми “Бухорои шариф” чунин навиштаанд: “Ҳанӯз шумораи аввали “Бухорои шариф”-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: “Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ба забони тоҷикӣ бошад беҳтар аст”.
Сад сол пештар аз чопи матлаби “Бухорои шариф”дар ибтидои асри XIX, аниқтараш дар соли 1813 Миризотуллоҳи Ҳиндӣ дар “Сафарнома”-и хеш оид ба забони тоҷикӣ маълумоте овардааст, ки ин даъвои бепояи Сафар Абдуллоҳро рад менамояд. Ӯ менависад: “Забони Қуқан (яъне Қуқанд-С.Н.) туркӣ мебошад, аҳли шаҳр тоҷикӣ, яъне форсӣ мегӯянд.” Намунаи дигар ба оғози даврони исломӣ, ки дар ин давра ба омадани арабҳову маволиҳову дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ истилоҳи “форсӣ” аз вожаҳои “тоҷикӣ” ва “дарӣ” дида бештар ривоҷ пайдо мекунад, иртибот дорад. Дар сарчашмаи туркӣ-уйғурии “Кутатғу билик” (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоғунӣ навишта шудааст, дар бораи забони тоҷикӣ ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ӯ дар яке аз байтҳои худ чунин менависад: “Ин гуна китобҳои хуб ба арабӣ ва тоҷикӣ кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст» (тарҷумаи таҳтуллафз). Муҳаққиқи рус А.Н. Кононов ин байтро шарҳ дода менависад, ки ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ китобҳо зиёданд, вале ба забони мо (яъне ба туркӣ) ин гуна китобҳо вуҷуд надорад, чунин маънӣ дорад, ки дар байни туркҳо баъд аз қабули ислом (охири асри VIII ва аввали асри IX) истифодаи асарҳои буддоӣ ва монавӣ ба забони туркӣ ё фаромӯш шуда буданд ё таҳти назорати сахт қарор дошта истифодаи онҳо қатъиян мамнӯъ буд.13 Тавре ки маълум аст, уйғурҳо дар асри V-и мелод дини монавиро қабул карда буданд, ки он таъсири бевоситаи халқҳои эрониро ба туркҳо нишон медиҳад. Аз ин хотир қабилаҳои дигари туркӣ уйғурҳоро “тот”, яъне тоҷик меномиданд.
Намунаи дигар ба сарчашмаҳои тибетӣ марбут аст. Дар Тибет дар маъхазҳои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехӯрад, ки гӯё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Муҳаққиқони русзабони таърихи бостонии Тибет Б.И. Кузнетсов ва Л.Н.Гумилёв истифодаи ин калимаро ба маънои кишвари Эрон ва эрониҳо дониста тарзи навишти гуногуни калимаи тоҷикро овардаанд (Stag-grig, rta-mjig, atag—bzni, rtag-gzigs, tazig ва ғайра).9 Л.Н. Гумилёв дар асари худ “Величие и падение древнего Тибета” (Сууд ва суқути Тибети қадим) менависад, ки “Священная книга Бон была написана Шэнрабмибо на языке тагзик и переведена на другие языки” Яъне “Китоби муқаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайғомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.- С.Н.) ба забони тагзик (тоҷикӣ) навишта шуда, сипас ба забонҳои дигар тарҷума шудааст”. Дар яке аз нусхаҳои хаттии монавӣ-портӣ (нусхаи хаттии шумораи 339 м., ин нусха дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад), кашфшуда аз Турфон, ки эҳтимолан марбут ба қарни ҳашти мелод мебошад, номи забони тоҷикӣ дар ибораи par tazigane awak – “ба забони тоҷикӣ”, ё айнан “ба овои тоҷикона” омадааст. Дар ин нусхаи кучак омадааст, ки роҳибони монавӣ дар вақти ибодат ба забони тоҷикӣ ниёиш мекарданд.
Ин гуна намунаҳо оид ба умри забони мо, меҳан ва хостгоҳи он низ дар адабиёту осори то ба давраи мо расида хеле зиёданд. Вале ҳануз осори кашфношуда ва пажӯҳишношуда низ дар осорхонаву бойгониҳои гуногун зиёд нуҳуфтаанд, ки пажӯҳишгарони худро мунтазиранд. Албатта, бо боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки илми тоҷикшиносӣ, ки акнун пажӯҳиши таҳқиқот дар ин бахш оғоз шудаасту маълумоти хеле зиёде ҷамъоварӣ шудааст, дар оянда оид ба забони тоҷикӣ, миллати тоҷик, таърихи мардуми тоҷик садҳо далели нав пешниҳод намояд, то ҷавоби устувори маҳкаме шавад ба душманони забони тоҷикӣ ва соҳибони он.
Адабиёт:
1. Абдулҳай Ҳабибӣ. Забони дуҳазор сол қабли Афғонистон ё модарзабони дарӣ (Таҳлили катибаи Сурхкутали Бағлон) чопи дувум. Кобул, 1385/2007.
2. Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древного Тибета// сб. Страны и народы Востока. Вып.VIII, М. 1969, с. 158-159.
3. Доктор Ғулом Ҷелонии Доварӣ, Пешинаи таърихии забони (форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ) пеш аз ҳазораи саввуми мелодӣ// Саргузашти забони форсии дарӣ, Кобул, 2006, с. 91-102.
4. Кононов А.Н. Поэма Юсуфа Баласагунского «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983.
5. Кузнецов Б.И. Древний Иран и Тибет. Первая религия Бон. Санкт Петербург, 1998.
6.Муминджанов Х.Х. Авесто об этногенезе таджиков//Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведение №1-2, 2002 с. 185.
6. Назарзода С. «Забон ва ваҳдати миллӣ», Душанбе, 2007.
7. Рейнольдс Дж. Олмо Лунгринг: «Нерушимая свяшенная земля»// Гаруда, 1992, №2, с. 48.
8. Руи Гонсалес де Клавихо, Дневник путешествия в Самарканд ко двору Тимура(1403-1406)- Москва, Наука, 1990.
9. Хаников Н.В. Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон. Душанбе . 1992.
10. Хромов А.А. Дар бораи тафсири этноними «тоҷик»//Забоншиноси тоҷик, Душанбе., 1984, с. 28-29;
11. О народах обитающих в Персии//Вестник Европы, апрель 1815, № 7, с. 243-285.
12. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2006.
12. Юсуф Баласагунский. «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983.
13. Klaproth, Sur Les Boukhares// Jonrnal Asiatique, t.2., Paris, 1823.
14. The new Persian- English dictionary, by S. Haim , Tehran, 2005.