Афвшуда баъди 4 рӯзи раҳоӣ падарашро кушт
Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, Табур Ғафуров, як сокини 31-солаи ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ки ахиран афв шудааст, бегоҳи 8-уми ноябр боз даст ба ҷиноят зада, падари 55-солаи худро куштааст.
Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, афвшуда дар пайи муноқиша бо калтак ба сари падараш задааст, ки дар натиҷа дуюмӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ӯ гуфт, феълан Ғафуров дар боздошт буда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 110, яъне қасдан расондани зарари ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин сокини ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ соли 2010-ум барои расондани зарари миёнаи ҷисмонӣ ва дуздӣ маҳкум шуда, 4-уми ноябри соли равон тибқи афви эълоннамудаи раисиҷумҳур ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун озод шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми ноябр дар мулоқот бо маъмурини Вазорати умури дохилии кишвар супориш дод, ки афвшудагонро зери назорат гиранд ва барои мутобиқ шуданашон дар ҷомеа ва дарёфти ҷои кор кӯмак кунанд. Афви эълоннамудаи раисиҷумҳур 10 ҳазор маҳбусро фаро гирифта, дар доираи он ҳудуди 4,5 ҳазор нафар озод мешаванд. Маъракаи озодшавии маҳбусу муттаҳамҳо дар доираи ин афв аз рӯзи 3-юми ноябр оғоз шуда, интизор меравад, ки то 6 моҳ идома хоҳад кард.