Италия мехоҳад бо Остона хатсайри мустақим дошта бошад
Ҳукумати Италия аз тасмим дар бораи боз кардани хатсайри мустақим ба Қазоқистон хабар додааст.
Рикардо Монти, раҳбари оҷонсии рушди ширкатҳои итолиёвӣ гуфтааст, барои роҳандозии хатсайри мустақим ба Остона талош хоҳанд кард: “Ҳамчун як оҷонсӣ барои тавсеаи ширкатҳои итолиёвӣ буҷаи ин тарҳро таъмин мекунем, то ширкатҳои кишвари мо имкони ба Қазоқистон омаданро дошта бошанд”.
Ба гуфтаи Монти барои ин хатсайр шаҳрҳои Рим ва Милан ба нақша гирифта шудаанд. Дар зимн осонсозии дарёфти раводид барои қазоқистониҳо низ дар назар будааст. “Ин масъаларо бояд бо ҳамаи кишварҳои аъзои Шенген дар миён гузошт”,-гуфтааст Рикардо Монти.