Қазоқистон бар ивази об ба ҳамсояаш барқ медиҳад
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон аз тасмими кишвараш барои харидории оби Қирғизистон бар ивази нерӯи барқ хабар дод.
Назарбоев гуфтааст, “бо дархости Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мо имсол ба ин кишвар 400 миллион киловат-соат нерӯи барқ содир мекунем ва қарор аст, ин нишондод дар соли оянда то ба 1, 4 миллиард киловат-соат бирасад”.
Ин ҳарфҳоро раисҷумҳури Қазоқистон дар ҳошияи мулоқоти худ бо ҳамтои қирғизаш баён доштааст. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон дар бадали нерӯи барқ кишоварзони Қазоқистонро бо об таъмин мекунад. Сокинони манотиқи ҷануби Қирғизистон дар пайи қатъ гардидани гази табии Узбакистон бо мушкил рӯбарӯ шуда, мақомоти Бишкек талош доранд, барои ҳалли он аз кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ харидорӣ кунанд.
Тобистони соли ҷорӣ ширкати “Электрические станция”-и Қирғизистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дода, гуфт, миёни он ва ширкати “Барқи тоҷик” 14 май дар шаҳри Душанбе шартнома ба имзо расида, бар асоси он Бишкек як киловат соат нерӯи барқро аз Душанбе бо арзиши 2 сент харидорӣ ва 1,5 сентӣ ба сокинонаш мефӯрушад.