Ҳушдори Эрон аз ғасби амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва ҳукми қатл
Ситоди мубориза бо фасоди молии Эрон аз тасарруфи амволи Бобак Занҷонӣ, тоҷири боздоштшудаи ин кишвар аз сӯи мансабдорони давлатии Тоҷикистон ҳушдор додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Занҷонӣ ҳеч майле барои ҳамкорӣ бо мақомот дар раванди тафтишот ва баргардонидани пулҳои азхудкардааш ба давлатро надорад.
Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ гуфтааст, бо ин роҳ на ҳукумати Эрон қарзи худро бозпас мегирад ва на Занҷонӣ ба ҳадафҳои худ мерасад: “Амвол ва сармояҳое, ки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва Малайзия дорад, тавассути афроди давлатии ин кишварҳо тасарруф мешавад ва ин молу мулк соҳиб пайдо мекунанд.”
Ӯ афзудааст, Вазорати умури хориҷии Эрон бояд масъулони сафоратхонаҳои худро фаро хонда, ба таври маҳрамона ба мушовирони иқтисодии онҳо барои шиносоии амволи Бобак Занҷонӣ дар кишварҳои хориҷ дастур медод: “Банда чандин бор дар ҷаласаҳи ситод эътироз кардам, ки чаро барои шиносоии амволи Занҷонӣ ба Тоҷикистон ё Малайзия қозии додгустарӣ аз Додсарои Теҳрон биравад, дар ҳоле ки ин вазифаи додситонии Теҳрон нест ва коре аст, ки бояд ройзанони Эрон дар Тоҷикистон ва Малайзия анҷом диҳанд.”
Ин узви Ситоди мубориза бо фасоди молӣ ҳаҷми қарзи Занҷонӣ аз давлати Эронро чандин баробар зиёд аз маблағҳои ҳабсшудаи кишвараш дар пайи баҳсҳои ҳастаӣ хонда, гуфтааст, агар давлатҳои мазкур сармояҳои Занҷониро бозпас надиҳанд, Теҳрон аз роҳҳои қонунӣ барои соҳибии маблағҳояш истифода хоҳад кард: “Дар музокироти ҳастаӣ баъд аз он ҳама гуфтушунидҳо дар ҳар марҳала 550 миллион доллар аз маблағҳои ҳабсшуда озод карда шуд, ки қарзҳои Занҷонӣ то ба 2 миллиарду 650 миллион доллар мерасад. Агар мақомоти кишварҳое, ки амволи Эрон тавассути ин тоҷир ба онҳо роҳ ёфтаанд, бозпас дода нашавад, Теҳрон барои муқобила бо тасарруфи амволаш аз тариқи Девони доварӣ истодагарӣ хоҳад кард.”
Юсуфиён Мулло дар идома ба худи Занҷонӣ низ ҳушдор додааст, ки агар ин бетаваҷҷуҳияш нисбат ба раванди тафтишот идома ёбад бар зарари худаш тамом шуда, мисли Амир Мансур Ориё маҳкум ба эъдом хоҳад шуд: “Касе фикр намекард, ки Амир Мансур эъдом мешавад. Ҳар нафаре, ки қабл аз ин ҳукм назди ӯ ба зиндон мерафт ва бо ӯ суҳбат мекард, медид, ки муттаҳам комилан хотирҷамъ буд ва ҳатто дар дидорҳояш баҳсҳои иқтисодӣ мекард. Шояд дар аввал худашро ба унвони як қарздор фарз кунад, аммо нигарони он ҳастам, ки ин қарзҳои ӯ бо мушкили бузург рӯбарӯ шаваду дигар роҳи бозгаште надошта бошад.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Юсуфиён Мулло аз шиносоӣ шудани амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва Малайзия хабар дода, аз Вазорати умури хориҷии кишвараш барои бозпас овардани онҳо кумак хоста буд. Ӯ гуфт, “муфаттишони сафарбаршуда макони сармояҳои Занҷониро муайян кардаанд, вале қудрати ба танҳоӣ бозпас овардани онҳоро надоранд. Агар Вазорати умури хориҷии Эрон ба ин масъала дахл карда, ба мо ёрӣ расонад, метавонем, ин пулҳоро баргардонем.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки милллиТоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.