Кӯмакхоҳии Душанбе аз Маскав барои раҳоии Рофиева
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои раҳоии Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик, ки дар Яман рабуда шудааст, аз Русия дархости кӯмак намудааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, пайваста қазияи рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон, Гулрухсор Рофиеваро дар Яман пайгирӣ мекунад ва барои ҳар чӣ зудтар озод шудани ӯ талош дорад: “Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт” дар робита ба озод шудани Рофиева Гулрухсор дар тамос ҳаст. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз Сафорати Русия дар Яман барои ҳар чӣ зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор дархости мусоидат кардааст.”
Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Қаблан хабаргузории арабзабони “ал-Мунтасаф” бо такя ба манбаи муътамади худ хабар додааст, ки Рофиеваро гуруҳҳои террористии “ал-Қоида” дуздидаанд. Ин хабаргузорӣ ҳадафи рабудани Рофиева аз ҷониби “ал-Қоида”-ро нигоҳубин ва табобати ҷангиёни маҷруҳи ин шабакаи террористӣ хондааст: “Як манбаи муътамади мо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, маълумоте рӯи даст дорад, ки рабудани табиби тоҷик аз сӯи ҷангҷӯёни “ал-Қоида” ва ҳузури ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои ин созмонро 90% собит мекунад. Ҳарчанд ихтисоси Рофиева ҷарроҳ нест, вале азбаски бо кори ҷарроҳӣ ошно мебошад, ӯро дуздидаанд.”
Ба иттилои манбаъ, задухӯрди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёни созмони террористии “ал-Қоида" ва гуруҳи “Ҳусийюн”-и Яман, ки ахиран сурат гирифт, маҷруҳони зиёд аз ду ҷонибро барҷой гузоштааст: “Ҳусийюн” захмиёни худро ба беморхонаҳои давлатӣ интиқол додааст. Аммо азбаски ҷангҷӯёни "ал-Қоида" наметавонанд дастрасӣ ба беморхонаҳои давлатӣ дошта бошанд, онҳо барои табобати маҷруҳони худ маҷбур мешаванд табибонро ба зурӣ баранд.”