ВИДЕО: Ҷароҳати 4 сокини Бадахшон бар асари тирпаронӣ бо ҳамватанҳо
Мақомоти пулиси Маскав мегӯяд, бар асари тирпаронии шаби 8 ба 9-уми ноябр дар назди метрои “Каховская” 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки зодаи Бадахшонанд, ҷароҳат бардоштаанд ва феълан вазъи як нафараш-Мунис Рустамов вазнин арзёбӣ мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия маҷруҳшудагон, ки асосан зодагони ноҳияи Роштқалъа мебошанд, аз шикам ва дасту пой ҷароҳат бардошта, аз 20 то 34 сол доранд. Дар қатори маҷруҳшудагон Рустамов Мунис, 30 сол, Каримов Азим-20 сол, Лашкарбек Амбаров- 34 сол ва Худобердиев Карими 30-сола ном бурда шуданд: “Рустамов Мунис аз шикам ва дигарон аз дасту пой тир хурдаанд, ки феълан аввалӣ дар пажуҳишгоҳи тиббии Склифосовский ва дигарон дар беморхонаи рақами 7 қарор доранд.” Дар пайи тирпаронии тоҷикҳо инчунин мошинҳо ва биноҳои дар он наздикӣ низ зарар дидаанд.
Гуфта мешавад, ки ин тирпаронӣ бар асари нофаҳмӣ барои як сигор сар задааст, аммо намояндагиҳои Тоҷикистон мегӯянд, барои муайян намудани асли қазия масъулини тоҷик ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба омӯзиши қазия машғул мебошанд. Пулиси Маскав низ аз рӯи авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст, ки тафтишоти он идома дорад.1) ВИДЕОИ LifeNews аз ҷои ҳодиса:
2) ВИДЕОИ НТВ аз ҷои ҳодиса