Қосими Раҳбар фаровонӣ ваъда кард, нашуд: Имсол гаронӣ ваъда дод, чӣ мешавад?
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”
Нархи як кило картошка-нони дуюми мардуми Тоҷикистон дар дӯонҳои шаҳри Душанбе то ба 5 сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб қиматтар мебошад. Барои муқоиса нархи картошка моҳҳои аввали соли равон камтар аз 2 сомонӣ сари ҳар кило буд.
Аммо ҳозир, ки фасли ҳосилғундорист, бозори картошкаро гаронӣ фаро гирифтааст ва тавре Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар назди вакилони мардумии парлумон эътироф кард, ин ниҳояти кор нест ва вазъ метавонад бадтар шавад. Қосими Раҳбар, чанд рӯзи пеш дар парлумон ба масъалаи картошка дар кишвар дахл карда, аз он шикоят намуд, ки Вазорати молия барои интиқоли 1000 тонна тухмии босифат аз Белорусия 9 миллион сомониро надода истодааст: “Вазъият фавқулодда аст. Агар мо ҳамин сол чора наандешем, ҳолат аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Вазорати молия то охири январ ба ҳисобу китоб машғул аст ва пул намедиҳад ба касе. Мо то картошкаро бо вагон меорем, ба мардум тақсим мекунем, ки феврал - март мегузарад. Ҳол он, ки 20- уми май кишт анҷом меёбад. Кай мо фурсат меёбем, ки тухмии картошкаро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кунем?”.
Бархилофии пешгӯии соли гузаштаи Қосими Раҳбар, ки аз истеҳсоли 1 миллиону 115 ҳазор тонна картоша ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доду паёми фаровонию арзониро ба мардум расонд, ҳушдори имсолааш воқеӣ менамояд. Чун ҳанӯз тирамоҳ аст, вале нархи картошка то ба 5 сомонӣ расидааст, ки мояи нигаронӣ мебошад. Ин навъи маҳсулоти аз нигоҳи истеъмол дар Тоҷикистон баъди орду гандум дар ҷои дуюм меистад ва “нони дуюм” унвонгузорӣ шудааст.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки вазир аз буҳрони картошка дар оянда ҳушдор додааст, аммо чаро ҳозир дар бозорҳо гаронист?
Озар Холназаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ низ дар фасли ҳосилғундорӣ ба маротиб қимат шудани картошкаро мояи нигаронӣ хонда, дар шарҳи омилҳои сар задани он афзуд, ки эҳтимол картошкаи Тоҷикистон ба хориҷ содир шавад. Ӯ гуфт, ахиран картошкапарварони Фаронса ба далели таҳримҳо алайҳи Русия натавонистанд, маҳсулоташонро ба ин кишвар содир кунанд ва бо нишони эътироз оварда, дар маркази шаҳр холӣ намуданд. Дар пасманзари ин ҳаводис Холназаров ваъдаҳои мансабдорони тоҷикро зикр намуд, ки ахиран таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар Русия қарор доштанд ва ваъда доданд, ки содироти маҳсулоти кишоварзиро ба ин кишвар зиёд хоҳанд намуд.
Холназаров таъкид намуд, масъулини Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз гаронишавии картошка дар бозорҳои кишвар чораандешӣ кунанд: “Агар бо истеҳсолоти дохилӣ тавони таъмин набудани талаботи мардумро надоранд, бояд воридоти бештари он аз Покистон ба роҳ монда шавад, чун картошка ғизои аслии бисёре аз мардуми камбизоати Тоҷикистон мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи то 5 сомонӣ расидани нархи як кило картошка соли равон ба масъулини кишоварзӣ дастур дода буд, ки истеҳсолоташро зиёд кунанд. Зиёд на танҳо дар қоғаз ва ҳисобот, балки зиёди воқеӣ, ки ба нархҳои бозор низ таъсир расонад.
Аммо имсол низ аз майли гаронии картошка, бармеояд, ки истеҳсолот боз на дар он дараҷаест, ки тавонад фаровонию арзониро дар бозори кишвар таъмин созад? Дар ҳоле, ки раисиҷумҳур пеши Вазорати кишоварзӣ вазифа гузоштааст, амнияти озуқавориро дар кишвар таъмин кунад ва солҳост, ки инро яке аз се самти стратегии сиёсати иқтисодии ҳукуматаш муаррифӣ мекунад. Бо вуҷуди ин бозори ғизои Тоҷикистонро ҳамоно маҳсулоти воридотӣ фаро гирифтаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)