Суҳбати "Озодагон" бо Мотуев: “Халифа”-и Осиёи Марказӣ эълон нашудаам
Атохон ҒАНИЕВ
Нурлан Мотуев, як сиёсатмадори қирғиз “халифа”-и Осиёи Марказӣ эълон шуданашро инкор кард. Ӯ дар як суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, "дар куҷо ман худамро халифа эълон кардаам? Дар ҳеҷ ҷо! Исбот нест! Онҳое ки дар бораи "халифа" эълон кардани Мотуев навиштанд, пеши Аллоҳ ҷавоб медиҳанд".
Ахиран, бархе расонаҳо бо такя ба навиштаи Нурлан Мотуев дар саҳифаи Фейсбук, хабар доданд, ки ӯ худро нахустин “Халифа”-и Осиёи Марказӣ эълон кардааст. Гуфта мешуд, Нурланро ба ин "вазифа" худи Абубакри Бағдодӣ, раҳбари созмони Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом ё "Давлати исломӣ" таъин намудааст ва акнун ӯ барои сохтани “Хилофат” дар Осиёи Марказӣ ҷаҳд хоҳад кард. Аммо ин сиёсатмадори қирғиз ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин ҳама дурӯғ аст. “Шумо бо суолҳои худ маро безор кардед. Бар болои ман дурӯғ бор карданатон кам буд, ки акнун бо суолҳои худ маро безор мекунед? Дар куҷо ман худамро халифа эълон кардаам? Дар ҳеҷ ҷо! Исбот нест! Онҳое ки дар бораи худро “Халифа” эълон кардани Мотуев навиштанд, пеши Аллоҳ ҷавоб медиҳанд",- посух дод Нурлан Мотуев.
Албатта ин дурӯғро мо нагуфтаем, барои ҳамин заминае барои хиҷолати мо нест, аммо тазод ин ҷост, ки дар мусоҳибаи худ бо рӯзномаи “De факто” № 40 аз 10.10.2014/саҳ.9 Нурлан Мотуев “Халифа” будани худро эътироф карда, чунин посух гуфтааст: “Ҳадисе аз Паёмбар Муҳаммад (с) ҳаст, ки дар он гуфта шудааст (сабки муаллиф нигоҳ дошта шудааст): “Гуноҳҳои одамон бо қабули Ислом бахшида мешавад. Муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои кофирию мушрикӣ ба мамлакатҳои дорои низоми исломӣ ҳиҷрат мекунанд, авф карда мешаванд. Ҳаҷ ба Макка - бахшида мешавад. Ба ҷиҳод рафтан, бо рехтани аввалин хун-бахшида мешавад”.
Чун ман барои худ Қуръон, ҳадисҳо, суннатро қонун қарор додаам, пас ман масъулам ба хилофат чун ҳиҷрат. Дар ин ҷо ман пайравони худро дорам. Баъди баробар тақсим кардани амволи онҳо, агар Аллоҳ ба ман роҳ кушояд, “Иншоаллаҳ” меравам. Боз як ҳадиси дигари паёмбарамон ҳаст. “Пеш аз қиёмат дар Шом(Сурия, Ироқ, Яман, Урдун) беҳтарин намояндагони инсоният ҷамъ мешаванд.
Ман дар бораи ҳаёти абадӣ фикр мекунам. Талош дорам, ба биҳишт равам. Ту бошӣ дар бораи интихоботе, ки бо қонунҳои кофирон мегузарад ва куфрро дар давлат ҷорӣ кардааст, ҳарф мезанӣ (суоли хабарнигор дар бораи интихоботи Қирғизистонро дар назар дорад).
Ҳа, вақте дар бораи интихобот гап мезанем, бояд галлаи он "ҳамакора"-ро аз по афтонд, ки танҳо барои шиками худ зиндагӣ мекунанд. Набояд онҳоро ба "Кохи сафед" ҷамъ карда, боз 5 сол онҳоро хӯронд. Ин сохтро бояд аз решааш барҳам зад”.
Ман барои кор қувва ҷамъ мекунам. Агар на, мана давлати ман - хилофат барои дахолат омода аст. Дар он ҷо (яъне, хилофат) шиноснома низ медиҳанд. Дар ин шиноснома навишта шудааст: “Агар касе ба дорандаи ин шиноснома зарар расонад, мо артишро равона мекунем” (поёни иқтибос).
Нурлан Мотуев бо гуфторҳои булъаҷабу муболиғаомез ва ихтилофомези худ миёни мардуми қирғиз маъруф аст. Ӯ яке аз ширкатдорони фаъоли инқилоби “ранга”-и моҳи марти соли 2005 дар Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Соли 2008 дар Бишкек хусаи ррезиденти ИМА Ҷорҷ Буш ва парчами Амрико сӯзонидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамсар ва фарзандони Нурлан шаҳрвандии Амрикоро доранд ва дар ИМА зиндагӣ мекунанд. Барои ӯ вуруд ба Амрикоро манъ кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)