Тақозои Кабирӣ аз ҳукумат: Интихоботро ҳамчун фурсати нодир истифода баред
Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфтааст, ҳар қадар интихобот шаффофу озод бигзарад, ҳамон андоза ба суботу амният таъсири мусбат мегузорад ва ҳар қадар он ғайридемократӣ баргузор шавад, ҳамон миқдор ба неруҳои ифротӣ ва тарафдорони таҳрим хидмат мекунад. Ин нуктаро райиси ҲНИТ 8 ноябр зимни ҷаласаи васеи моҳонаи ҳизбаш изҳор доштааст.
Ӯ афзуда, бояд ҳукумат, ҳизбҳо ва ҳамаи иштирокдорони ин раванд исбот кунанд, ки дар хидмати суботу амният ва ваҳдати миллӣ ҳастанд ё дар хидмати ифроту бесуботӣ: “Мо, ки тарафдори суботи кишвар ва ваҳдати миллӣ мебошем, бояд ин интихоботро ҳам дар ҳамин руҳия бигзаронем. То имрӯз бо сабру таҳаммули худ инро исбот кардем, дар оянда ҳам пойбандиамонро ба қонун ва мардумсолорӣ бояд нишон бидиҳем. Ҳамзамон, аз дигарон, аз ҷумла, аз ҳукумат ҳам тақозо намоем, ки дар масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи меъёрҳои конститутсия, қонунҳо ва демократия қадамҳои мушаххас ва ҷиддӣ бардоранд. Ин интихоботро ҳамчун фурсати нодир истифода баранд”.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, дар ин ҷаласа раисони шӯъбаҳои вилоятӣ ва минтақавии ҳизб аз омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва фаъолияти ситодҳои маҳаллии ҳизб гузориш додаанд. “Тибқи гузоришҳо, таваҷҷуҳи қишрҳои гуногун, аз ҷумла, ҷавонон нисбат ба ҲНИТ бештар гаштааст. Масъулини ҳизб гуфтанд, ки фишори мақомот моҳи ахир камтар гашта, ҳодисаҳои ошкоро помол кардани ҳуқуқи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сабт нашудааст”.
Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ барои баргузор намудани Анҷумани пешазинтихоботӣ зеркомиссияе дар Ситоди интихоботӣ ташкил карда, аз масъулини он хостааст, масъалаи гирифтани иҷозати толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботиро пайгирӣ намуда, “дар ҳолати зарурӣ ба Дастгоҳи президент барои мусоидат муроҷиат намоянд”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)